Дирӯз порлумони Тоҷикистон шартнома миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди нафақаи муҳоҷиронро ба тасвиб расонид. Дар баҳсе, ки зимни қабули ин тарҳ дар парлумон рӯ зад, вакилон аз Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон пурсиданд, ки нафақаи муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ҳисоб мешавад ва Русия чӣ шарт гузоштааст?
Раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар порлумон зимни шарҳи шартномаи мазкур дар ҳузури вакилон гуфт, баъди аз сӯи парлумони ҳарду давлат ба тасвиб расидани шартнома, муҳоҷирони тоҷик ҳақ доранд, ки аз Русия ба нафақа бароянд.
Ӯ афзуд, ин кишвар уҳдадор мешавад, ки дар асоси собиқаи корӣ ва андози иҷтимоие, ки онҳо ба буҷети Русия пардохт мекунад, ба тоҷикон нафақа диҳад. Яъне андозаи нафақа аз ҳаҷми пардохти андози иҷтимоӣ ва собиқаи кории муҳоҷирон вобастагӣ дорад.
Шартҳои Русия чист? Посухҳои Раиси Оҷонсии нафақа
Ба гуфтаи Дилмурод Давлатзода, ин кор танҳо баъди дар қайди Фонди ҳифзи иҷтимоии Русия гузаштани муҳоҷирон ва пардохти андози иҷтимоӣ имконпазир аст.
Ӯ афзуд, ин тартиб ба шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, низ дахл дорад ва онҳо ҳам баъди дар қайди Фонди ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гузоштан, ҳақ пайдо мекунанд, ки аз буҷети кишвар нафақа гиранд.
- Аз ин пас, ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, имконият пайдо мекунанд, ки тибқи қонунҳои амалкунандаи ин кишвар ба нафақа бароянд. То ин дам муҳоҷирони тоҷик дар Русия кор мекарданд, вале вақте дар Тоҷикистон ба нафақа мебаромаданд, аз сабаби надоштани собиқаи корӣ нафақаи иҷтимоӣ мегирифтанд, - гуфт Давлатзода.
Департаменти нав ташкил мешавад?
Ӯ дар ҳузури вакилон ин тасмимро ҳимоя ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва ба манфиати миллии тоҷикон маънидод кард.
Ба бовари Дилмурод Давлатзода дар шартнома тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, ба назар гирифта шудааст.
- Масалан, дар мавриди чӣ гуна пардохт шудани нафақа шаҳрванд озод аст. Вақте ба синну соли нафақа мерасад, метавонад, бо аризаи худ ба мақомоти дахлдори Русия ё Тоҷикистон муроҷиат кунад. Мақомоти ҳарду кишвар собиқаи корӣ ва андозҳои пардохтнамудаи ӯро ба буҷети якдигар ба назар гирифта, ҳамчун собиқаи пурраи корӣ ҳисоб ва ба ӯ нафақа таъин мекунанд, - зикр намуд Давлатзода.
Ӯ бо ишора ба зарурати хароҷотҳои ин тарҳ пешниҳод намуд, ки дар Тоҷикистон департамент ё раёсат таъсис дода шавад, ки шумораи нафақахурон дар Русияро тартиб диҳад ва таъиноти нафақаи онҳоро назорат кунад.
То куҷо пешниҳоди ӯ, қобили қабул аст, ҳоло маълум нест.
Вакилони парлумон аз раиси Оҷонсии нафақа чӣ пурсиданд?
Масъалаи пардохти нафақа ба муҳоҷирони тоҷик як аз баҳсҳои доманадори Тоҷикистону Русия буд, ки солҳо дар ниҳодҳои марбутаи ду кишвар баҳс мешуд. Ҳамин тариқ, дирӯз, низ байни вакилони парлумон ва масъулин баҳс шуд.
Аз ҷумла, вакили парлумон ва раиси Ҳизби сотсиалитсии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров аз раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пурсид, ки кӯмакпулии дафни шахсе, ки аз Русия ба нафақа баромадаасту дар ин кишвар мефавтад, кадом ҷониб пардохт мекунад?
Дилмурод Давлатзода посух дод, ки “шаҳрванд дар куҷое ки фавтид, агар камбизоатии ӯ тасдиқ шавад, ҳамон кишвар пардохти кумакпулӣ барои дафнро пардохт мекунад”.
- Маблағи дафни нафақахуронро дар Тоҷикистон Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мепардозад. Вале дар асоси шартнома агар нафақахӯр дар Русия фавтад, маблағи дафнашро Русия ва агар аз Тоҷикистон фавтад маблағи дафнашро Тоҷикистон пардохт мекунад, - посух дод ӯ.
Вакили дигари парлумон Равшан Раҷабзода пурсид, ки шахсе ки аз Русия ба нафақа мебарояду дар Тоҷикистон низ собиқаи корӣ дорад, андозҳои иҷтимоие, ки ӯ дар Тоҷикистон пардохтааст, дар он кишвар чӣ гуна ба назар гирифта мешавад?
Давлатзода посух дод, ки аз рӯйи собиқаи корӣ ва андозҳое ки нафақахӯр дар Тоҷикистон пардохт мекунад, Тоҷикистон ба ӯ нафақа таъин мекунад. Ҳамин тариқ, аз рӯи собиқи корӣ ва андозҳое, ки дар Русия пардохт кардааст, ин кишвар барои ӯ нафақа медиҳад.
- Шаҳрванд вақте ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия кор кардааст, тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки аз рӯйи собиқае, ки дар Русия дорад ва ба буҷет андози иҷтимоӣ пардохт кардааст, нафақаашро Русия таъин мекунад. Аз рӯи он собиқаие корие, ки дар Тоҷикистон дорад нафақаашро Тоҷикистон муайн мекунад. Ва ихтиёри шаҳрванд аст, ки дар кадом кишвар зиндагӣ мекунад. Агар дар Русия зиндагӣ кунад, мо маблағи нафақаашро ба он кишвар мегузаронем, агар Тоҷикистон бошад, Русия нафақаро ба Тоҷикистон мегузаронад, - шарҳ дод ӯ.
Вакили дигари парлумон Мавзуна Шамсиддинзода пешниҳод намуд, ки дар робита ба шарҳи шартномаи мазкур масъулине, ки ба самти муҳоҷират машғуланд, корҳои фаҳмондадиҳро байни муҳоҷирон бештар кунанд, то онҳо аз ҳуқуқҳои худ дар доираи ин тарҳ огоҳ шаванд.
Раиси парлумон ба вакилон: барои нафақа тайёрӣ дида истодаед?
Дар ҳамин ҳол, вақте раиси парлумони Тоҷикистон аз пурсишаш дар мавриди саволи навбатӣ аз ҷониби вакилон ба раиси оҷонсии нафақа посух нагирифат, бо шухӣ афзуд, “маълум мешавад, ки ҳама барои нафақа тайёрӣ дида истодааст”.
Дилмурод Давлатзода баъди ҷаласаи парлумон дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки барои гирифтани нафақа муҳоҷири тоҷик бояд худро дар ниҳодҳои дахлдори Русия, аз ҷумла Фонди ҳифзии иҷтимоии ин кишвар ба қайд гирад ва андозҳои худро пардохт намояд.
Ӯ гуфт, имрӯз, яке аз мушкилоти аслӣ бе қайд дар Фонди ҳифзи иҷтимоии Русия фаъолият кардани муҳоҷирони корӣ аст
Раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа зикр намуд, ки шартнома баъди ба тасвиб расидани парлумони ду кишвар ҳукми қонунӣ пайдо мекунад, аз ин рӯ, муҳоҷироне, ки пештар кор мекарданд, метавонанд, худро дар Фонди ҳифзи иҷтимоӣ ба қайд гиранд ва аз мақомоти андоз расиди андозҳое ки аллакай пардохт кардаанд, пешниҳод намоянд, то фаъолияти онҳо ҳамчун собиқаи корӣ шинохта шавад.
Қатъи додани нафақа аз сӯи Русия ба тоҷикон дахл надорад
Дилмурод Давлатзода ба суоли он ки қаблан Русия гуфта буд, ки пардохти нафақаро барои шаҳрвандони дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон муваққатан қатъ мекунад, гуфт, “аз сабаби он ки бо мо шартнома дорад, он нисбати Тоҷикистон амалӣ намешавад”.
Ҳарчанд ба таъкиди ӯ, ин тарҳ ба давлатҳое ки узви Иттиҳоди Авруосиё ҳастанд, татбиқ намегардад ва онҳо мушкил надоранд. Он мамлакатҳое ки аъзои он нестанд, зарураи бастани шартномаи нав пайдо мешавад.
- Солҳои зиёд шаҳрвандони мо, дар Русия кор мекарданд, вале нақфақаи онҳоро Тоҷикистон пардохт мекард. Ин сарборӣ ба буҷети Тоҷикистон буд. Сабаби паст шудани ҳаҷми нафақа ҳам ҳамин аст, ки шаҳрванд дар дигар ҷой андоз месупорид, вале аз мо нафақа мегирифт. Акнун дар куҷое ки андоз супорид аз онҷо нафақа мегирад, - гуфт Давлатзода.
Номбурда гуфт, баъди аз ҷониби парлумони Русия ба имзо расидани шартнома он мавриди амал қарор мегирад. Шартнома миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди нафақаи муҳоҷирон аз дебоча, 5 фасл ва 22 модда иборат мебошад.
Моҳи феврали соли равон, Дилмурод Давлатзода дар нишатси матбуотӣ гуфта буд, ки созишнома дар мавриди гирифтани нафақаи муҳоҷирони тоҷикро президентҳои ду кишвар моҳи сентябри соли 2021 имзо кардаанд
Раиси оҷонсӣ гуфта буд, ки кадом тоифаи муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, метавонанд ба гирифтани нафақаи русӣ умед банданд.
Муҳоҷирон чӣ тавр нафақаи Русияро гирифта метавонанд?
Агар муҳоҷир танҳо маблағи патентро барои кор дар Русия пардохт кунад, ин маънои онро надорад, ки дар оянда ӯ метавонад дар онҷо нафақа бигирад. Дар баробари патент бояд бо корфармо шартнома, дафтарчаи меҳнатӣ ва рақами суғуртаи суратҳисоби шахсии инфиродӣ дошта бошад. Корфармо бояд ҳар моҳ барои ҳар як корманд, ба Хазинаи нафақаи Русия маблағи суғурта супорад.
Тибқи созишномаи баимзорасида корманд ҳангоми кор дар Русия метавонад худаш интихоб кунад, ки дар кадом кишвар мехоҳад нафақа бигирад - дар Русия ё дар Тоҷикистон.
Агар пас аз ба нафақа баромадан корманд тасмим гирад, ки ба кишвари сеюм, яъне на дар Русия ва на дар Тоҷикистон зиндагӣ кунад, боз ҳам нафақа мегирад. Ҳисобҳо аз ҷониби кишваре, ки ӯ дар он расман кор кардааст ва нафақа додааст, ҳисоб карда мешавад. Яъне, асоси нафақаи оянда ҳамин ҳаққи суғуртае мебошад, ки корфармо барои корманд медиҳад. Ҳиссагузорӣ 22 фоизи фонди солонаи музди корро ташкил медиҳад.
Аз ин 22 фоиз — 6 фоизаш тарифи ҳамраъй мебошад, ки барои ташаккули пардохтҳои устувор таъин шудааст ва 16 фоизаш тарифи индивидуалӣ мебошад, ки аз ҳисоби фонди инфиродии шахси суғурташуда ба ҳисоб гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Федератсияи Русия синни нафақа дар айни замон барои мардон 61,5 сол ва барои занон 56,5 сол аст.
Ҳадди ақали нафақа дар Русия мувофиқи ҳадди ақали зиндагӣ барои нафақахӯрони Русия ҳисоб карда мешавад. Ҳар як минтақаи Федератсияи Русия музди меҳнати худро дорад. Умуман, дар Русия ҳадди ақали нафақа каме бештар аз 10 ҳазор рубл аст.
Ҳаҷми миёнаи нафақа то 1 январи соли 2022 дар Русия 18 521 рублро ташкил дод.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Акнун аз болои панҷара мегузаранд”. Дар Душанбе 17 гузаргоҳ барои пиёдагардонро барҳам доданд
"Хӯрок бомазза, касе намегурезад, аммо ба кӣ шикоят карданро намедонем". Ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон то куҷо риоя мешавад
Коршиносони Русия хавфу хатарҳои асосиро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян карданд
Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 маълум шуданд
Шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт, ки 2 рӯз баста буд, боз шудааст
Дар Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои дастрас ба кор оғоз карданд
Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи “Russian Judo Tour” бо ду медал баргаштанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Боз як бонки байналмилалӣ барои сохтмони “Роғун” $270 млн ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста