Ба тоҷикистониёне, ки то Дубай расида дар роҳ ба сӯи макони муқаддаси ислом дар муддати 33 рӯз беш аз 3 ҳазор километрро тай карданд, додани раводид (виза) ба Арабистони Саудиро рад карданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” яке аз онҳо Диловар Ғафуров.
- Барои ба Арабистони Саудӣ рафтан ҷиҳати адои маросими ҳаҷ ба мо раводид надоданд. Гуфтанд, ки ба мақомоти кишварамон муроҷиат кунем, то ки ба мо раводид диҳанд, - иброз дошт Диловар.
- Мо албатта дар назар доштем, ки чунин мушкилот пеш омада метавонад, лекин ба ин сафари душвор мо барои он баромадем, ки синнамон аз 40-сола поин асту дар Тоҷикистон танҳо ба шахсони синни аз 40 то 65-сола иҷозаи сафари ҳаҷ дода мешавад, - зикр кард ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Диловар ва ду нафар дӯстонаш умедворанд, ки мақомоти кишвар ба мушкилоти онҳо расидагӣ карда, барои гирифтани раводид тариқи реҷаи онлайн кумак мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки се нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ бо дучарха ба Арабистони Саудӣ раҳсипор шуданд.
Онҳо ба ин сафар аз аввали сол омодагӣ гирифта, аввали моҳи май пас аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон ба роҳ баромаданд.
Айни замон онҳо дар Дубай қарор доранд. То ба Арабистони Саудӣ расидан онҳо бояд боз 1890 километри дигарро тай кунанд.
Дар ин маводи мо дар бораи бо чӣ гуна душвориҳо дучор шудани сайёҳон дар ҷараёни сафар маълумоти муфассал дарёфт карда метавонед.
Аввалин паради Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна гузашт?
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста