Дар Тоҷикистон аз 1 август дар мактабҳо дарси мутобиқсозӣ барои хонандагони синфҳои 1-ум оғоз мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати маориф ва илми кишвар хабар доданд, давраи машғулиятҳои омодагӣ ба мактаб то 20 август идома ёфта, дарсҳои пурра аз 1 сентябр оғоз мешаванд.
Дар Вазорати маориф, ҳамчунин афзуданд, ки "машғулиятҳои омодагӣ ба мактаб барои хонандагони синфи якум ҳамасола баргузор мешаванд."
«Дар чунин дарсҳо хонандагони синфҳои 1-ро ба режими мактаб омода мекунанд, бо онҳо сӯҳбат гузаронида, тавассути бозиҳо маълум мекунанд, ки вақти онҳо дар мактаб чӣ гуна мегузарад ва дар машғулиятҳои дигар усулҳои мутобиқсозии кӯдаконро истифода мебаранд», - гуфтанд дар вазорат.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати маориф афзуд, ки дарси мутобиқшавӣ барои хонандагони синфҳои якум дар муассисаҳои таълимии буҷетӣ ҳатмӣ буда, дар муассисаҳои таълимии хусусӣ бо дархости волидон ва омӯзгорон гузаронида мешавад.
Барои хонандагони синфи якум кадом ҳуҷҷатҳоро ҷамъ кардан лозим аст?
Вазорати маориф ва илм ҳамчунин хабар дод, ки қабули хонандагони синфҳои 1 барои соли таҳсили 2022-2023 аз 1 июл оғоз мешавад.
Тибқи Низомномаи намунавӣ Вазорати маориф ва илми мамлакат, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
- варақаи шахсии хонанда;
- ду дона расми се ба чор;
- аризаи волидайн оид ба қабул;
- шаҳодатномаи таваллуди кӯдак;
- ҳуҷҷати тиббӣ;
- ду нусхагӣ шиносномаи волидайн;
- шаҳодатномаи ақди никоҳ;
- маълумотнома аз ҷой зист.
Дар ҳолати пайдо гардидани суол, волидони хонандагони синяҳои 1 метавонанд ба рақами 2 21 30 92 занг зананд.