Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба афзоиши ҳолатҳои сироят аз коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, санҷишҳоро дар ин самт дар сарҳад ва фурудгоҳҳо пурзӯр мекунад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд, мусофироне, ки тариқи роҳи ҳавоӣ ё заминӣ сафар мекунанд, бояд бо худ гувоҳнома (сертификат)-и ваксина гирифтан зидди коронавирусро дошта бошанд.

“Ғайр аз ин, ҳарорат санҷида мешавад ва агар он баланд бошад, тести коронавирус гирифта шуда, танҳо пас аз маълум шудани натиҷаи тест чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Маълумоти шахс ба дармонгоҳи маҳалли зист фиристода шуда, ӯ зери муоинаи табибон қарор мегирад. Меҳмонони кишвар - ба дармонгоҳи макони будубош/иқомат (хонаи иҷора, меҳмонхона) фиристода мешаванд”, - гуфтанд дар ин ниҳод.
Сурат аз inform.kz

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати илова намуданд, ки айни замон дар фурудгоҳҳо ва сарҳади Тоҷикистон ягон маҳдудияте ҷорӣ нашудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироят аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ қаблан дар ин робита зикр карда буд, ки вазъияти марбут ба сироят ва беморӣ зери назорати Вазорат қарор дошта, барои пешгириву паҳншавии он тамоми тадбирҳои зарурӣ рӯйи даст гирифта мешаванд.

Дар кишварҳои ҳамсоя вазъ чӣ гуна аст?

Қазоқистон

Давоми як шабонарӯз дар ин кишвар 187 ҳолати нави сироят аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Тавре ки Nur.kz хабар медиҳад, то 5 июл аксарияти сироятёфтагон дар шаҳрҳои Алмато (112 нафар) ва Нурсултон (37 нафар), инчунин нисбатан камтар дар Чимкент (8 ҳолат) ва Атирау (10 ҳолат) сабт шудааст.

Аз лиҳози арёбии вазъи эпидемиологӣ Алмато ба минтақаи “зард” шомил гардида, аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки аз ваксинзанӣ гузаранд ё дубора ваксина гиранд.

Ӯзбекистон

Шабонарӯзи гузашта ҳолатҳои сироят аз коронавирус дар ҳамаи минтақаҳои Ӯзбекистон ошкор шудааст. Тавре ки kun.uz менависад, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, рӯзи 4 июл сироятёбии 74 нафар аз коронавирус тасдиқ шудааст.

Аз ҷумла дар Тошканд 14 ҳолат, вилоятҳои Ҷиззах ва Хоразм - 7 ҳолатӣ, Самарқанд - 6 ҳолат, Қароқалпоқистон, вилоятҳои Бухоро ва Сурхондарё - 4 ҳолатӣ, вилоятҳои Андиҷон, Навоӣ, Намангон, Фарғона ва Сирдарё - 3 ҳолатӣ, вилояти Тошканд - 3 ҳолат ва вилояти Қашқадарё - 2 ҳолати сироятёбии шахсон ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳолатҳои марг бар асари сироят ва беморӣ сабт нашудааст.

Қирғизистон

Давоми як ҳафта (аз 27 июн то 3 июл) дар Қирғизистон 48 ҳолати сироят аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки 19 ҳолат бештар нисбат ба ҳафтаи гузашта аст. Се нафар аз онҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Дар Бишкек 43 ҳолат, дар вилояти Чуй - 4 ҳолат, шаҳри Ош - 1 ҳолати сироят аз коронавирус ошкор шудааст.

Дар ҷаҳон

Моҳи июн бори нахуст дар ним сол ҳолатҳои сироят аз коронавирус зиёд шуд. Шумори сироятёфтагон 17,3 млн нафар афзуд, ки 15% бештар дар муқоиса бо моҳи май мебошад.

Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинси ИМА, то рӯзи 5 июл шумори сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари дунё ба 550 млн 33 ҳазору 846 нафар расидааст.

Аз оғози паҳншавии вирус дар ҷаҳон аз оқибатҳои сирояти он 6 млн 340 ҳазору 147 нафар вафот карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.