Амирбек Темур, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотии рӯзи 12 июли соли равон якчанд омили болоравии нархи пиёзро гуфт.
“Яке аз омилҳои болоравии нархи пиёз дар соли равон кам кишт шудани пиёзи барвақтӣ мебошад. Дар маҷмӯъ 1,2 ҳазор гектар майдони кишти пиёз кам карда шудаст. Аз ҷумла дар ноҳияи Ҷайҳун кишти пиёз 1 ҳазор гектар ва 200 гектар дар дигар ноҳияҳо”, - гуфт Амирбеки Темур.
Номбурда ҳамчунин илова кард, ки сабабҳои дигари боло рафтани нархи пиёз дар бозорҳои кишвар болоравии нархи сузишвории дизелӣ ва нуриҳои минералӣ мебошад.
“Бубинед, ки нархи нуриҳои минералӣ ва сӯзишворӣ чанд маротиба боло рафт. Агар солҳои қаблӣ деҳқонон барои парвариши пиёз дар 1 гектар 12-13 ҳазор сомонӣ хароҷот мекарданд, имсол хароҷоти онҳо то 25 ҳазор сомонӣ расид. Баъдан соҳибкорон аз сари замин пиёзро 2-2,5 сомонӣ харидаву захира кардаанд. Ҳеҷ як деҳқон пиёзашро аз 2,5 сомонӣ зиёд нафурӯхтааст”, - изҳор дошт сардори Сарраёсат.
Ба гуфтаи Амибеки Темур, яке аз дигар омилҳо содироти пиёз ба хориҷи кишвар мебошад, ки соли равон ҳаҷми содироти он аз вилояти Хатлон 50 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
“Умедворем, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани калонтарин корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ ,аз ҷумла карбамид - “Осиё кемикал” (ТоҷикАзот) дар шаҳри Левакант нархи маҳсулоти кишоварзӣ арзонтар мешавад”, - изҳори умедворӣ кард ӯ.
Амирбеки Темур изҳор дошт, ки ҳамчунин афзоиши майдони кишти пиёз ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар бозорҳои кишвар пиёз то 8 сомонӣ нарх дорад.
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
“Метро созанд, баъд зан мегирам...”. Вокуниши сокинон ба хабари сохтмони метро дар Душанбе
Афзоиши маблағи ҷарима барои қоидавайронкунии роҳу нақлиёт. Барои кадом қонуншиканӣ чӣ қадар зиёд шуд?
Ҳалокати 4 кас ва тақрибан 10 млн сомонӣ зарар. Хисороти сӯхторҳо дар Суғд дар соли гузашта
Таъмини аҳолӣ бо манзил. Дар Тоҷикистон норасоӣ мушоҳида мешавад
Таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Русия. Чӣ тавр метавон ҳуҷҷат супорид?
“Дар умрам ба касе пора надодаам”. Номаи Аҳмади Иброҳим аз боздоштгоҳ ба унвонии Рустами Эмомалӣ
Хадамоти назорати санитарӣ кори зиёда аз 650 иншоотро муваққатан боздошт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста