Дар Тоҷикистон мувофиқи қонун “Дар бораи маориф”, ба синфи 1-ум танҳо кӯдаконе қабул карда мешаванд, ки ба синни 7-солагӣ расидаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Душанбе Асомиддин Бобозода. 

Тибқи банди 4, моддаи 16-и қонун ва банди 38-и низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар, ки 1 июни соли 2016 (№237) аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст, ба синфи якум кӯдакони 7-сола ё онҳое, ки то охири моҳи декабр ба синни 7 медароянд, қабул карда мешаванд.

Яъне имсол ба синфи якум кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2015 таваллуд шудаанд, қабул мешаванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2016 таваллуд шуда бошад, ӯро ба ба синфи якум қабул намекунанд.

Муқаррароти зикршуда ҳам ба муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ ва ҳам хусусӣ дахл дорад.

Бобозода зикр кард, ки қаблан чунин кӯдакон аз тестҳои гуногун гузашта, вобаста ба сатҳи дониши томактабиашон метавонистанд ба синфи якум қабул шаванд.

“Акнун дигар ин хел намешавад, ягон истисно нахоҳад буд”, - иброз дошт ӯ.

Яке аз сабабҳои чунин тасмимро Бобозода нарасидани ҷой дар мактабҳо ба чунин миқдор кӯдакон унвон кард.

“Шумори кӯдакони синнусоли мувофиқ барои қабул ба синфи якум бе ин ҳам зиёд аст, дар мактабҳо бошад, ҷой кам аст”, - иброз дошт ӯ.

Бино ба маълумоти расмӣ, соли гузашта 30 ҳазору 651 нафар кӯдакони шаҳри Душанбе бори аввал пой ба остонаи мактаб гузоштаанд.

Барои хонандагони синфи якум кадом ҳуҷҷатҳоро ҷамъ кардан лозим аст?

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, қабули хонандагони синфҳои 1 барои соли таҳсили 2022-2023 аз 1 июл оғоз шуда буд.

Тибқи Низомномаи намунавӣ Вазорати маориф ва илми мамлакат, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

- варақаи шахсии хонанда;

- ду дона расми се ба чор;

- аризаи волидайн оид ба қабул;

- шаҳодатномаи таваллуди кӯдак;

- ҳуҷҷати тиббӣ;

- ду нусхагӣ шиносномаи волидайн;

- шаҳодатномаи ақди никоҳ;

- маълумотнома аз ҷой зист.

Баъди қабул ба мактаб кӯдаки шуморо чӣ интизор аст?

Кӯдак аз суҳбат мегузарад.

Ҳар як мактаб мустақилона шаклу метод ва навъҳои аз тест гузаштани кӯдаконро муайян мекунад, ки ба вазифаҳои мантиқӣ асос ёфтааст.

Яъне танҳо шеърҳоро аз ёд донистани кӯдак кофӣ нест. Донистани ҳисоб то адади 30, фаслҳои сол, сабзавоту мева, фигураҳои геометрӣ низ лозим аст. Ҳамчунин дар бораи аъзои оила ҳам савол дода метавонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.