Рӯзҳои 29 июл то 1 августи соли ҷорӣ бар асари ҳаракати мавҷҳои гармӣ аз ҷануб дар қаламрави ҷумҳурӣ дамои ҳаво рӯ ба коҳиш меорад.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  бо истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шамол бо қувваи 15-20 метр дар як сония вазида, дар ин рӯзҳо эҳтимоли хокбориш ҳам вуҷуд дорад.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 28-уми июл бар асари ҳавои гарм дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон хатари болоравии сатҳи об дар назар аст.

Зикр мегардад, ки рӯзҳои 28-30 июл ҳавошиносон аз омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо ва барфҳо дар баландкӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ-ро пешбинӣ мекунанд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъкид кардааст, ки сокинон бояд ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.