Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 август дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан ташриф оварда, аз намоиши дастовардҳои сокинони ин шаҳри қадима боздид намуд.

Дар намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои дастӣ зиёда аз 50 намуд маҳсулоти ҳунарҳои мардумии дастӣ пешкаш карда шуд.

Дар ин ҷо маҳсули ҳунарҳои дастии кордсозӣ, мисгарӣ, заргарӣ, кулолгарии бадеӣ, сафолкорӣ, аҷубасозӣ, кандакорӣ, армуғонсозӣ аз чӯб, созтарошӣ, чармгарӣ, кундалкашӣ, наққошӣ, тоқидӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофии дастӣ, атласу адрасбофӣ, оҳангарӣ бо намуду андозҳои гуногун муаррифӣ гардид.

Имрӯз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Конибодом боздид намуда, баъдтар дар сомонаи мо аз ҷараёни сафари ӯ суратгузориши муфассал нашр хоҳад шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.