Дар чанд соли охир фаъолияти колорасонӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас рушд кардаву чандин ширкатҳо фаъол гардиданд. Дар ин самт, шаҳри Душанбе, албатта, пешсаф аст ва дар пойтахт шумори зиёди колорасонҳоро мушоҳида кардан мумкин аст.

Бо рушди соҳа, яке аз мушкилоте, ки пешорӯи ин ширкатҳо қарор гирифта, боиси нигаронии ронандагон ва сокинони пойтахт гардидааст, ин танзим нагардидани василаи колорасонӣ (доставщик) ва ё нақлиёти дар ин бахш фаъолбуда мебошад.

Маъмулан, ширкатҳои колорасон аз дучархаҳои муҳаррикдор ва ё “скутер”-у “мопед”-ҳо истифода мекунанд, ки барои пешбурди кори колорасонӣ хеле мувофиқ аст. Мушкили аслии соҳа низ маҳз бо ин навъи нақлиёт вобастагӣ дорад.

Ронандагони “скутер”-у “мопед”-ҳо дар роҳҳои Душанбе бо эҷоди ҳолатҳои садамаовар ҳаракат мекунанд ва ҳатто, баъзан мушоҳида мешавад, ки онҳо барои убури тамбашавии роҳ тавассути роҳравҳои пиёдагард низ ҳаракат менамоянд.

Оид ба ин мушкил ҳам ронандагон ва ҳам пиёдагардон шикоят карда, ба як нукта таъкид менамоянд, ки ҳаракати ин навъи нақлиётро касе танзим намекунад ва аз ин ҷост, ки онҳо бе риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, воситаи нақлиёти худро меронанд.

Шикоят аз бетартибии колорасонҳо

Наврӯз Муин, як ронанда аз шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ронандагони “скутер”-ҳо худро комилан озод ҳис менамоянд ва аксар вақт қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд.

“Аксари онҳо шаҳодатномаи ронандагӣ надоранд. Яъне, фикр мекунанд, ки аз ҳама гуна ҷавобгариҳо озоданд ва “зиг-зак” рафтан мегиранд”, - гуфт Наврӯз.

Давлати Абдуллоҳ, сокини дигари шаҳри Душанбе, ки бештар пиёда дар шаҳр мегардад, аз ҳаракати колорасонҳо тавассути роҳҳои пиёдагард шикоят дорад.

“Бисёр мушоҳида кардаам, ки колорасонҳо аз пиёдагардҳо истифода мекунанд ва ҳаёту саломатии пиёдагардонро зери хатар мегузоранд. Махсусан, ба ҳаракати кӯдакон хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд”, - гуфт Давлати Абдуллоҳ.

Аввал дучарха баъд “скутер”

Як колорасон аз шаҳри Душанбе, ки бо шарти ифшо нашудани номаш суҳбат кард, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, бе шаҳодатномаи ронандагӣ “скутер” меронад.

“Вақти оғози кор талаб мешавад, ки ҳадди ақал дучарха ронда тавонем, баъдан рондани “скутер”-ро меомӯзем. Як моҳ коромӯзӣ мекунем, аммо онҳое, ки худашон “скутер” доранд, бе мушкил ба кор қабул мешаванд, “скутер” надоштаҳо давраи таҷрибаомӯзиро мегузаронанд”, - гуфт ин колорасон.

“Бояд гӯям, ки масъулони ширкат ҳамеша таъкид мекунанд, ки қоидавайронкунӣ ва дағалрафторӣ накунем. Яъне масъулиятшинос бошем. Агар мизоҷе шикоят кунад, ду ҷониб бояд баррасӣ ва ҳаллу фасл кунанд, агар колорасон гунаҳкор барояд, аз кор озод мешавад”, - афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Шаҳодатномаи ронандагӣ ва рақами мушаххас

Номуайяние, ки ҳоло ронандагони мошинҳо ва пиёдагардонро сардаргум кардааст, ин баҳси зарурати доштан ё надоштани шаҳодатномаи ронандагӣ ва рақами мушаххас аз ҷониби колорасонҳо мебошад. Яъне, вақте колорасонҳо иштирокчии фаъоли ҳаракат дар роҳ ба ҳисоб мераванд, онҳо бояд шаҳодатномаи ронандагӣ ва рақами махсус дошта бошанд ё не?


Асосҳои ҳуқуқӣ ва системаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” ба танзим медарорад ва дар он зикр мегардад, ки “воситаи нақлиёт - воситае, ки барои бо роҳҳо интиқол додани одамон, бор ё таҷҳизоти дар болои он васлшуда таъйин шудааст”.

Дар моддаи 12-и ин қонун гуфта мешавад, ки иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ уҳдадоранд “талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳаракат дар роҳро риоя намоянд”.

Аммо дар ин қонун мушаххас нагардидааст, ки ронандагони “скутер” ва “мопед” бояд шаҳодатномаи ронандагӣ ва рақми мушаххас дошта бошанд ва ё не.

Шарҳи корманди БДА

Ғайраталӣ Саидзода, як масъули Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) мегӯяд, дар асоси қонунгузории амалкунандаи ҳаракат дар роҳ ба ронандагоне, ки аз “скутер” ва “мопед” истифода мебаранд, доштани шаҳодатномаи ронандагӣ зарурат надорад.

 “Барои нақлиёте, ки ба восиитаи қувваи барқ ҳаракат мекунанд, ҳуҷҷати “Категоряи А”-и ронандагӣ лозим аст. Ронандагони “мопед” метавонанд, аз канори рости роҳ бемамониат ҳаракат намоянд”, - афзуд Ғайраталӣ Саидзода.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо ронандагони автомобилҳое, ки ҳаҷми кори муҳаррикашон беш аз 50 сантиметри мукааб ва ҳадди аксари суръати ҳаракаташон беш аз 40 км дар як соат аст, бояд шаҳодатномаи ронандагӣ дошта бошанд.

“Аз рӯи ҳамин меъёрҳо аз “скутер”-ҳо, ки дар 1 соат аз 40 километр зиёд ҳаракат мекунанд, гарчи ба воситаи қувваи барқ ҳаракат менамоянд, бояд шаҳодатномаи ронандагӣ талаб карда шавад”, - таъкид кард Саидзода.

Талаботи ширкати колорасон

Парвиз Алимов, роҳбари “Kenguru.tj”, яке аз ширкатҳои колорасон дар Душанбе гуфт, дар корхонаи онҳо аз нафароне, ки бо “скутер” корашонро ба роҳ мондаанд, ҳуҷҷати “Категоряи А”-и ронандагӣ талаб карда мешавад, аммо барои ронандагони “мопед” лозим нест.

Фирӯза Бадалова, маъмури ширкати “Shef.tj” бошад, мегӯяд, онҳо аз ронандагони “скутер” ва “мопед” шаҳодатномаи ронандагӣ талаб намекунанд.

“Аз нафароне, ки бо “скутер” ва “мопед” кор мекунанд, шаҳодатномаи ронандагӣ талаб карда намешавад. Ба онҳо аз ҷониби ширкат ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кору шахсият дода мешавад”, - гуфт Бадалова.

Роҳи танзими қонуншиканҳо кадом аст?

Дар БДА низ таъкид менамоянд, ки бо иштироки ронандагони “скутер” ва “мопед” қоидавайронкунии зиёд сабт шудааст, аммо дар ин замина омори дақиқ пешниҳод нанамуданд.

Ғайраталӣ Саидзода гуфт, аз ҷониби ронандагони “скутер” қоидавайронкуниҳо сабт мегардад ва онҳо вобаста ба худи қонуншиканӣ, тибқи Кодексҳои маъмурӣ ва ҷиноятии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Саидзода, дар сурати ба ҷавобгарӣ кашиданӣ ронандагони ин намуди нақлиёт ҳам, доштан ё надоштани шаҳодатномаи ронандагӣ ба инобат гирифта намешавад.

Мушкили сарпӯш

Паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки дар баъзе ҳолат колорасонҳо бе риояи қоидаи ҳаракат дар воситаи нақлиёт, аз ҷумла бе сарпӯши хоса барои ронандагони нақлиёти дучархаи муҳаррикдор ҳаракат мекунанд.

Намояндагони ширкатҳои колорасон, аз ҷумла Парвиз Алимов, роҳбари “Kenguru.tj” ва Фирӯза Бадалова, маъмури ширкати “Shef.tj” таъкид мекунанд, ки аз кормандони худ риояи қоидаи корбарӣ аз “скутер”-у “мопед” талаб менамоянд. Сокинону ронандагони мошинҳо бошанд, мегӯянд, ки сари ҳар қадам колорасонҳо бе сарпӯш ва савори “скутер”-у “мопед” мушоҳида мекунанд, ки хеле хатарнок ба назар мерасанд.

Зарурати танзим

Тавре мушоҳида мешавад, фаъолияти колорасонҳо дар Тоҷикистон ба таври зарурӣ танзим нашудааст ва қонунгузор низ мушаххас накардааст, ки онҳо дар заминаи кадом санади меъёрӣ ҳуқуқӣ фаъолият намоянд. Аммо мушоҳидаву таҷриба ва шикояти ронандагону сокинон аз он далолат медиҳанд, ки ҳаракати колорасонҳо бояд ба таври амиқ омӯзишу таҳлил гардида, бо такя ба таҷрибаи давлатҳои дигар танзим карда шавад.

Масалан, дар Русия барои ҳаракат дар “скутер” ва “мопед” доштани шаҳодатномаи ронандагӣ (категорияи “M”) ҳатмӣ мебошад. Дар Ӯзбекистон низ, барои ҳаракат дар “мопед” шаҳодатномаи ронандагӣ “категорияи “А”) лозим аст”.

Бо назардошти мушкилоти дар боло зикргардида, афзоиши шумораи колорасонҳо ва қоидавайронкуниҳо бо иштироки онҳо ва таҷрибаи байналмилалӣ имрӯз зарурати ворид намудани тағйирот ба қонун ва мушаххас намудани роҳҳои танзими фаъолияти ин навъи нақлиёт фаро расидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.