Дар рӯзҳои таътили тирамоҳӣ дар мактабҳои Тоҷикистон тағйирот дар назар нест - хонандагон мисли пештара аз 1 ноябр то 10 ноябр истироҳат мекунанд.

Дар ин бора Асомиддин Бобозода, сардори шуъбаи муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Раёсати маорифи шаҳри Душанбе  ба «Азия-Плюс» хабар дод.

"Таътили донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ аз 1-уми ноябр оғоз шуда, то 10-уми ноябр идома меёбад. Дарси тамоми донишҷӯён дар семоҳаи дуюм, аз 11-уми ноябр оғоз мешавад", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи манбаъ, хабаре, ки қаблан нашршуда дар хусуси идомаи таътили хонандагон аз 1-ум то 7-уми ноябр, асос надорад.

«Ин эълон аз ҷониби шахсони номаълум паҳн шудааст, эътимоднок нест. Аз ин рӯ, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе бори дигар хабар медиҳад, ки дар таътили тирамоҳӣ тағйироте вуҷуд надорад», - гуфт Бобозода.

Ӯ нагуфт ки ин таблиғи беасосро кӣ паҳн кардааст ва оё дар робита ба ин таблиғ таҳқиқот сурат мегирад ё не.

Бобозода танҳо зикр кард, ки рӯзи душанбеи 31-уми октябр омӯзгорон бори дигар аз оғозу анҷоми таътили тирамоҳӣ дар мактабҳо хабар хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол, хабари беасос, зоҳиран, аллакай ба мактабҳо расидааст, зеро ба гуфтаи хонандагони мо, бархе аз муассисаҳои таълимии пойтахт аллакай эълон кардаанд, ки таътил то 7 ноябр аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.