Пас аз дидору мулоқотҳо ва иштирок дар нишасти Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони миллали муттаҳид ва Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин шоми 4-уми июл ба Душанбе омаданд.
Антониу Гутерришро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҳоким Холиқзода, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон пешвоз гирифт.
Ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар” Антониу Гутерриш бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад. Ҷузъиёти дигари сафари дабири куллии СММ ба Тоҷикистон маълум нест.
Сафари Дабири кулли СММ ба минтақаи Осиёи Марказӣ 29-уми июн оғоз шуд. Антониу Гутерриш пеш аз ин дар Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон буд. Ӯ дар шаҳри Остона дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат кард.

Раҳбари СММ Антонио Гутерриш бори охир ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ соли 2017 сафар карда буд.
Ҳамчунин, шаби 4-уми июл раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин низ аз Остона ба Душанбе омад. Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешвоз гирифт.
Ба ифтихори меҳмон фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар, расмҳои сарони Тоҷикистону Чин ва шиорҳо дар бораи дӯстии халқҳои ду давлат оро дода шуд.
Ба иттилои расмӣ, сафари Си Ҷинпин ба Тоҷикистон то 6-уми июл давом мекунад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, роҳбари Чин ба ғайр аз мулоқот бо мақомдорони баландпоя дар чорабиниҳои расмӣ ширкат мекунад. Аммо мақомот аз ин чорабиниҳо ном набурданд. Танҳо тахмин меравад, ки Си Ҷинпин дар маросими ифтитоҳи бинои нави ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон ширкат мекунад. Ин ду бино бо маблағи Чин сохта шудаанд.
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Эрон ба номаи Доналд Трамп тавассути Уммон посух додааст
Таъсиси Шӯрои алоҳида барои пешгирии хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон
Ҳукумати ИМА маблағгузорӣ ба “Радои Озодӣ”-ро муваққатан барқарор кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста