Маросими тақдими ҷоизаи мусиқии Tarona Music Award рӯзи 17 декабр соати 16:00 дар толори кинову консерти “Кохи Суруш” оғоз мегардад. Имсол он ба мунсибати 20-умин солгарди аввалин радиои мустақили Душанбе «Asia-Plus» баргузор мешавад. Билетҳоро аллакай аз ҳозир метавон дар сервиси тоҷикистонии онлайн-фурӯши билетҳои echipta.tj харидорӣ намуд.

Гала-консерт бо иштироки ҳам маъруфтарин устодони саҳнаи тоҷик ва ҳам ситораҳои навраси эстрадаи кишвар Ҷонибек Муродов, Чоршанбе Аловатов, Ҷаҳонгир Зарипов, Мубориз Усмонов, Рустам Азимӣ, Сафармуҳаммад, Мадина Ақназарова, Нигина Амонқулова, Хуҷаста, Зулайхо, Ёсамин, Фаррух Ҳасанов, Фаридуни Хуршед, «The Daze», «Авесто», инчунин Зафар Абдуалимов баргузор мешавад.


Билетҳоро метавон тариқи ворид шудан ба ин суроға дарёфт намуд. Нархҳо барои 1 нафар аз 100 то 350 сомониро ташкил медиҳанд. Пардохти билетҳоро ба воситаи ворид кардани рақами телефони худ ва интихоби тарзи пардохт тариқи кортҳо ва ҳамёнҳои Алиф моби, VISA, Фаврӣ, Корти Миллӣ, Мегафон Life, Humo online, Spitamen Pay, Вавилон-М анҷом додан мумкин аст.

Пас аз ин сервиси echipta.tj ба харидор СМС бо ирсол ба билети электронӣ мефиристад, ки дар он QR-код (рамз) зикр мешавад.

Маҳз ҳамин QR-код билети даромад ба консерт мешавад - яъне вақти ворид шудан ба “Кохи Суруш” дар рӯзи консерт онро пешниҳод кардан лозим аст.    

Шарики расмии алоқа - Omobile

Нӯшокии расмӣ - Siyoma water

Бонки эътимодноки маросим - Orienbank

Шарики суғуртавӣ - Asri 21

Шарики диҷитал - Nets

Голд-шарик - Тоҷик Кристалл

Масъули таъмини амният - Редлайн

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.