Ба назар мерасад, ки чанд соли охир дар чорабиниҳои расмӣ саҳнаҳои ҳаҷвӣ ба намоиш гузошта намешаванд. Ҳаҷвнигорон нигаронанд, ки онҳоро даъват намекунанд, соҳибназарон мегӯянд, муҳтавои пасти саҳнаҳои ҳаҷвӣ сабаби аслии дур шудани ҳаҷв аз чорабиниҳои давлатӣ гардидааст. Мушкили аслӣ дар чист?

Чанде пеш Муқимҷон Абдуфаттоев, ҳаҷвнигори шинохта ва роҳбари театр-студияи “Хандинкамон” дар як мусоҳибаи худ аз вазъи ҳаҷви тоҷик нигаронӣ кард ва гуфт, ки имрӯз дар чорабиниҳои давлатӣ ҳаҷвнигоронро даъват намекунанд ва саҳнаи ҳаҷвӣ нишон намедиҳанд. Ин чизро мо ҳам мушоҳида кардем.

Воқеан, дар бораи сатҳи ҳаҷви тоҷик дар ҷомеа назарҳо мухталиф аст. Иддае бо ишора ба чанд ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик ҳаҷвро рушдкарда ва ба талаботи ҷомеа мувофиқ медонанд, вале аксар аз сатҳи пасти ҳаҷв, обшуста будани мавзӯъҳо ва ҷои ҳаҷви касбиро ишғол кардани саҳнаҳои ҳаҷвии интернетӣ нигаронӣ мекунанд. Соҳибназарон мегӯянд, масъулину ҳаҷвнигоронро зарур аст, ки сари ин масъала андеша кунанд.

Аслан, ҳаҷв василаи таъсирноки ошкор баён кардани камбудиҳову мушкилоти ҷомеа мебошад, ки аксарият аз гуфтани он худдорӣ мекунанд.

Қаблан, дар чорабиниҳои расмӣ аксари ҳаҷвнигорони шинохтаи кишвар ширкат мекарданд. Ҳаҷвнигорони шинохта, аз қабили Убайдулло Раҷабов, Аловуддин Абдуллоев, Муқимҷон Абдуфаттоев, ҳунармандони гуруҳҳои “Лаҳзаҳои гуворо”, “Ғарибшо-компания” аз ҷумлаи онҳое буданд, ки зимни чорабиниҳои расмӣ, дар ҳузури роҳбарият ва аъзои ҳукумат баромад карда, аз камбудиҳои ҷомеа ва мансабдорони давлатӣ интиқод мекарданд.

Онҳо ҳатто дар ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавзӯъҳои ҳассоси иҷтимоӣ, мисли фасоду сарбозшикор ё “облава” дар арафаи даъвати ҳарбӣ, хешутаборбозӣ ҳангоми гирифтани мансаб ва ғайраро ба риштаи танз мекашиданд ва интиқод мекарданд.

Имрӯз чунин саҳнаҳои ҳаҷвӣ дар чорабиниҳои давлатӣ дида намешавад. Ҳадди ақалл, дар се чорабинии ахири давлатӣ – ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ, ки бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо шукуҳ таҷлил карда шуд, саҳнаи ҳаҷвӣ мушоҳида нашуданд.

Чаро ҳаҷв аз чорабиниҳои давлатӣ канор зада шуд?

Як нафаре, ки қаблан дар таҳияи барномаҳои чорабиниҳои давлатӣ иштирок дошт ва аз раванди баргузории он огоҳ аст, бо шарти зикр нагардидани номаш, ба “Азия-Плюс” гуфт, мушкил дар худи ҳаҷвнигорон аст. Ба андешаи ӯ, набудани ҳаҷвнигорони касбӣ ва пешниҳод нашудани саҳнаҳои ҳаҷвии баландмазмун боиси дур шудани ҳаҷвнигорону ҳаҷв аз чорабиниҳои давлатӣ шудаанд.

Муқимҷон Абдуфаттоев
Акс аз media.tj

Муқимҷон Абдуфаттоев, роҳбари театр-студияи “Хандинкамон” мегӯяд, ки воқеан, давоми 2-3 соли охир ба чорабиниҳои расмӣ, ки бо ширкати роҳбарияти кишвар баргузор мегардад, даъват намешавад. Сабаби даъват нашуданашро ӯ натавонист шарҳ диҳад.

Бахтиёр Раҳимов, аз ҳунармандони асосии гурӯҳи ҳаҷвии “Ғарибшо-компания”, ки қаблан дар чорабиниҳои расмӣ давъат мегардид ва ҳунарнамоӣ мекард, мегӯяд воқеан чанд соли охир ба чорабиниҳои давлатӣ даъват намешавад. Бахтиёр Раҳимов низ намедонад, ки сабаби даъват нашуданаш чист.

Дар ҳамин ҳол, Ибодулло Машрабов, яке аз коргардонҳои собиқи чорабиниҳои расмӣ дар кишвар сабаби асосии канор мондани ҳаҷв аз чорабиниҳои давлатиро камёфт ва мувофиқ набудани саҳнаҳои ҳаҷвӣ муаррифӣ намуд.

Ӯ зимни сӯҳбат бо мо гуфт, даъвати ҳунармандон, аз ҷумла ҳаҷвнигорон аслан ба мазмун ва мундариҷаи чорабинӣ вобаста аст.

“Чорабиниҳои расмие ҳастанд, ки тамоман ба саҳнаҳои ҳаҷвӣ эҳтиёҷ надоранд. Баръакс, чорабиниҳое ҳам ҳастанд, ки бе саҳнаҳои ҳаҷвӣ гузаронидан хуб нест. Қаблан, гурӯҳҳои “Лаҳзаҳои гуворо”, “Ғарибшо” ва “Шӯхиҳои Аловиддин” дар чорабиҳои гузоштаи ман ҳузур доштанд. Онҳо дар назди президент ҳам саҳнаҳои ҳаҷвиро намоиш медоданд”, - афзуд Ибодулло Машрабов.

Дар робита ба ин масъала, аз Вазорати фарҳанги кишвар гуфтанд, ки Баҳриддин Раҷабов коргардони чорабиниҳои расмӣ аст ва бояд назари ӯ гирифта шавад.

Мутаассифона, бо вуҷуди муроҷиати пайдарпайи мо, Баҳриддин Раҷабов ҳозир нашуд, ки масъаларо шарҳ диҳад. Мо ду маротиба ба Вазорати фарҳанг рафтем, аммо ӯро пайдо накардем. Ба зангҳои пайдарпайи мо низ посух надод.

Ибодулло Машрабов
Акс аз kinoart.tj

“Мушкили аслӣ дар муҳтавост”

Дар ҳамин ҳол, яке аз ташкилкунандагони чунин чорабиниҳо бе зикри ном дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” сабаби аслии худдорӣ аз намоиши саҳнаҳои ҳаҷвӣ дар чорабиниҳои расмиро дар муҳтаво ва қолаби баргузории чорабинӣ унвон кард. Ӯ гуфт, ки чунин чорабиниҳо аксаран дар варзишгоҳҳо ва ба шеваи сирф сиёсӣ мегузаранд, ки дар ин ҳолат ҳаҷв намоиш дода намешавад.

“Масалан, дар чорабинӣ ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ чӣ гуна ҳаҷв нишон медиҳед?! Ё дар варзишгоҳ, ки он ҷо саҳна аз мардум хеле дур асту мушкили овозиву дигар камбудиҳои техникӣ аст. Дар чунин чорабиниҳо ҳаҷв намоиш дода намешавад. Вале дар ҷои аввал сатҳи ҳаҷв аст”, - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ гуфт, муҳтавои пасти саҳнаҳои ҳаҷвӣ ва набудани ҳаҷвнигори хубу ҳаҷвнависи ҳирфавиро аз омилҳои дигари канор ронда шудани ҳаҷв аз чорбаниҳову ҷомеа медонад.

Ба андешаи ӯ, ин омил боис гардидааст, ки чанд соли охир саҳнаҳои ҳаҷвӣ на танҳо аз чорабиниҳои расмӣ, ҳамчунин, аз телевизионҳо ҳам дур шудаанд.

“Давоми ду соли охир саҳнаҳои ҳаҷвӣ аз бойгонӣ пахш мешаванд ва дар ин давра, ба ғайр аз Аловуддин Абдуллоев, тақрибан касе ба сабти саҳнаҳои ҳаҷвӣ машғул набуд”, - мегӯяд ин ҳамсӯҳбати мо.

“Пул ҳам пешниҳод кардем”

Ҳоло барномаҳои ҳаҷвӣ натанҳо дар чорабиниҳои расмӣ, дар телевизионҳои давлатӣ низ кам намоиш дода мешаванд ва ё умуман пахш намешаванд. Баъзе шабакаҳои телевизионӣ бештар барномаҳои ҳаҷвии солҳои пеш, аз ҷумла аз Убайдулло Раҷабов ва Аловуддин Абдуллоевро намоиш медиҳанд, аммо саҳнаҳои нави ҳаҷвӣ пешкаш намегарданд. Дар арафаи таҷлили Соли нав тавассути телевизион гоҳ-гоҳ саҳнаҳои ҳаҷвӣ намоиш дода мешаванд, ки муҳтавои онҳо ҳам хеле сабук буда, дар онҳо интиқод ва ё бозгӯии мушкили иҷтимоӣ низ дида намешавад.

Носир Саидов, роҳбари телевизиони “Сафина” дар сӯҳбат бо мо изҳори нигаронӣ кард, ки онҳо низ ба ҳаҷвнигорон ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ ниёз доранд, вале ҳаҷвнигорон намеоянд ва агар ҳам оянд, муҳтавои ҳаҷвашон дар сатҳи паст аст.

Носир Саидов
Акс аз zimbio.com

“Вақте мо аз ҳаҷвнигоронро даъват мекунем ва пешниҳоди ҳамкорӣ мекунем, онҳо ҳамеша мегӯянд, вақт надоранд. Вале ман ҳайрон, ки вақте саҳнаҳои ҳаҷвӣ дар телевизиону чорабинҳо нест, онҳо чӣ гуна банданд?”, - мепурсад Носир Саидов.

Номбурда мегӯяд, тамошобинон ба онҳо занг мезананд ва хоҳиш мекунанд, ки саҳнаҳои ҳаҷвӣ намоиш диҳанд, вале аз сабаби он ки норасоии саҳнаҳои нави ҳаҷвӣ доранд, маҷбур мешаванд, аз бойгонӣ саҳнаҳои ҳаҷвии солҳои пешро нишон диҳанд.

“Чанд маротиба ҳаҷвнигоронро даъват карда, ба онҳо шароит ва маблағ пешниҳод кардем, ки саҳнаҳои ҳаҷвӣ сабт кунанд, вале намеоянд. Мутаассифона, бештари ҳаҷвнигорони мо аз эҷод каме дур шудаанд. Мо ҳатто пешниҳод кардем, ки камераву техника медиҳем, то худашон сабт карда, оранд, боз ҳам як саҳнаҳои муҳтавояшон паст оварданд”, - гуфт Саидов.

Аммо ӯ гуфт, тасмим доранд, дар рӯзҳои наздик бо ширкати Муқимҷон Абдуфаттоев дар телевизиони “Сафина” як лоиҳаро ба роҳ монанд, ки пайваста ҳаҷвнигоронро даъват ва бо онҳо дар жанри монолог суҳбат кунанд, то онҳо низ дар ин жанр баромад карданро таҷриба кунанд.

Ба таъкиди вай, фазои ҳаҷв дар кишвар холӣ аст ва ҳаҷвнигорону масъулини соҳаро мебояд, ки сари ин масъала андеша намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.