Дар Тоҷикистон нархи гази моеъ ба таври чашмрас поин омадааст. Қимати ин навъи сӯзишворӣ дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар нисбат ба ҳафтаи гузашта 1 сомонӣ арзон шудааст.
Имрӯз, 12-уми январ, дар пойтахти кишвар нархи гази моеъ 3 сомониву 90 дирам арзиш дорад. Ҳафтаи гузашта он 4 сомониву 90 дирам нарх дошт.
Дар шимоли Тоҷикистон ҳоло нарх мутаносиби пойтахти кишвар аст. Дар шаҳри Хуҷанд гази моеъ 4 сомонӣ арзиш дорад. Дар ҷануби кишвар, дар шаҳри Бохтар ин навъи сӯзишворӣ 4 сомониву 10 дирам нарх дорад.
Нархи гази моеъ дар ВМКБ гаронтар аз дигар манотиқ аст. Имрӯз дар шаҳри Хоруғ гази моеъ 7 сомонӣ арзиш дорад.
Нархи гази моеъ дар моҳи январи соли 2021 аз 4 сомонӣ то 4 сомониву 20 дирам буд, ки баъд аз он боло рафтан гирифт ва ба рекорди худ - то 9 сомонӣ барои 1 литр расид.
Нархи дигар навъҳои сӯзишворӣ бетағйир боқӣ мондааст: бензини АИ-92 -7сомниву 80 дирам, АИ-95 8 сомониву 20 дирам, сӯзишвории дизелӣ 12 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Дар ин баробар, дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар пойтахт ва шимоли кишвар бензини навъи АИ-92 кам пайдо мешавад.
Омили арзоншавии газ чӣ аст?
Коршиносон сабаби арзон шудани нархи гази моеъро ба ҳаҷми воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба кишвар ва ба омадани фасли зимистон рабт медиҳанд.
Як коршиноси ин масоил бо таъкиди зикр нагардидани номаш ба “Азия-Плюс” гуфт, “нисбат ба солҳои қаблӣ воридоти газ ба Тоҷикистон бештар шудааст”.
“Дар ин баробар, пешбинӣ мешавад, ки нархи газ дар Қазоқистон ҳам рӯ ба поин овардааст. Газе, ки аз ин кишвар ба Тоҷикистон ворид мешавад, албатта, арзон аст”, - гуфт коршинос.
Ба гуфтаи манбаъ, коҳиши нархи газ дар фасли зимистон, чун таҷрибаи солҳои пешин, як амри маъмулӣ ҳам ҳаст.
Қобили зикр аст, ки гази моеъ сӯзишвории асосии автомобилӣ дар Тоҷикистон аст ва тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз нисфи моликони автомашинаҳо аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мебаранд.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои январ-октябри соли 2022 ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 155,2 млн доллар ҳудуди 329 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст.
Аммо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 воридот аз рӯи вазн ба андозаи 11,1% ва аз рӯи арзиш - 11,3% кам шудааст. Дар ҳамин ҳол, арзиши воридоти як тонна гази моеъ ба ҳисоби миёна қариб бетағйир - 487 доллар боқӣ мондааст.
Ёдовар мешавем, ки воридоти қисми зиёдтари гази моеъ аз Қазоқистон бо арзонтар будани он дар ин кишвар маънидод мешавад: нархи миёнаи як тонна гази воридотӣ аз Қазоқистон 483 доллар, Ӯзбекистон - 505, Русия - 514 ва Туркманистон - 804 долларро ташкил медиҳад.
Тавофуқ ҳосил шуд. Тоҷикистон дар соли 2025 ҳам ба Афғонистон барқ мефурӯшад
Филми ҳунарии “Фурӯғ” ба синамоҷашнвораи “МО” меравад
Вазири нақлиёти Тоҷикистон хостори барқарор кардани рафтуомад ба Русия тариқи қатораву автобус шудааст
Форуми Digital Tajikistan дар Душанбе зиёда аз 1000 иштирокчиро гирдиҳам овард
Рухсатнома барои боркашонӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бекор шуд
Вазорати энергетика: 80%-и ҳодисаҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба об марбутанд
Эрон низ сафирашро дар Афғонистон нав кард
4 “Шоҳҷоиза” ва беш аз 120 ғолиб. Киҳо соҳиби ҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шуданд?
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард
Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ Тоҷикистон соҳиби 7 медал шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста