Вазорати маориф ва илм бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва идома ёфтани он таътили зимистонаи хонандагони мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро дар Тоҷикистон то 20-уми январ тамдид кард. Дар ин бора сомонаи расмии вазорати маориф ва илм хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин тасмим бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон гирифта шудааст.

“Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 20-уми январ оғоз мегардад. Соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад”, - хабар медиҳад вазорат.

Ин вазорат меафзояд, ҳама ниҳодҳои масъул ва директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта ва хусусӣ уҳдадоранд, ки ҷиҳати тамдиди таътили хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бояд гуфт, ки қаблан Вазорати маориф ва илм таътили зимистонаи мактаббачагонро то 16-уми январ тамдид карда ва сабаби онро сардии ҳаво ва ҳифзи саломатии хонандагон шарҳ дода буд.

Ҳамчунин, боғчаву кӯдакистонҳо ҳам то 16-уми яннвар таътил мекарданд.

Ёдовар мешавем, ки ба иттилои агентии обуҳавошиносӣ сардиҳои зимистонаи имсола то 25-уми январ идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.