Дар пайи шикояти сокинони шаҳри Душанбе ва мушкили барқ дар пойтахт “Шабакаҳои тақсимоти барқ” телефонҳои боварӣ ташкил кардааст, ки ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд. Дар ин бора аз Ширкати “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, телефонҳои мазкур бо мақсади кумак ба аҳолӣ бобати эътимоднокии таъминоти барқ, муносибати кормандони соҳаи тақсимоти барқ бо муштариён ва шафофияти кор ташкил шудаанд.
“Рақамҳои телефонҳои боварии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” - 778886021 ва 2-50-33-01 мебошад, ки ба таври 24-соата фаъол ҳастанд. Сокинони пойтахт метавонанд, ки ба ҳама гуна муроҷиат ва мушкилоти худ бо ин рақамҳо ба тамос шаванд”, - гуфтанд аз Ширкати “Барқи тоҷик”.
Бояд гуфт, ин рақамҳои боварӣ дар ҳоле ташкил гардиданд, ки сокинони зиёди пойтахт аз мушкили обу барқ ва низоми гармидиҳӣ дар чанд муддати охир шикоят доштанд.
Аҳолии Душанбе аз якбора сард шудани ҳаво дар як ҳафтаи охир ба мушкилоти кори низоми гармидиҳӣ, нерӯи барқ ва оби нӯшокӣ рӯ ба рӯ шуданд ва даъво доранд, ки ин вазъ зиндагиашонро вазнин кардааст.
Дар ин баробар, мақомоти марбутаи пойтахт мушкилоти ҷойдоштаро таъйид карда, ба ҳалли проблемаҳои обу барқу гармӣ ваъда медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти марбутаи тоҷик дар оғози мавсими гармидиҳӣ гуфта буданд, ки “барои хуб гузаронидани зимистон комилан омода ҳастанд”, вале сардиҳои охири моҳи декабр ва аввали январ ба муқобили ин ваъдаи мақомот баромад.
Барои 63 курсии парлумон 220 номзад рақобат мекунанд
ФСБ: соли 2024 шумори сафарҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 21% кам шудааст
Рособрнадзор фоизи баллҳоро барои қабули кӯдакони муҳоҷирон ба мактаб муайян кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҷавони фақир ва ганҷнома”
Трамп гуфт, бо Путин "як суҳбати тӯлонӣ ва муфиди телефонӣ" анҷом додааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 феврали соли 2025
Пардохти маблағ барои нобудсозии автомобил. Пешниҳод шудааст, ки ҷамъоварии маблағ аз зиммаи БДА гирифта шавад
Дар савдои дуҷониба бо Русия Тоҷикистон қариб пурра ба рубл гузашт
Сафари бароҳат бо як ангуштзанӣ. Чӣ тавр метавон осон ва бо нархи дастрас чиптаи ҳавопаймо харид?
Тоҷикистон дар Шохиси дарки коррупсия дар соли 2024 ҳамагӣ 19 хол гирифт. Ин хуб аст ё бад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста