Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Туркия наздики 100 тонна кӯмаки башардӯстона, аз қабили орд, равған, шакару биринҷ, макарон, оби нӯшокӣ, либосу пойафзоли зимистона, хайма, кӯрпаю болишт, кати хоб, ҷилди ҷиҳози хоб, рӯйпӯшҳои пашмин (одеялҳо), зарфҳои алюминӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ мекунад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, кӯмак бо дастури фаврии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон омода гардида, қисме аз он шаби 8 феврал тавассути ҳавопаймои махсус бо ҳайати расмӣ ва гурӯҳи наҷотдиҳандагон ба Туркия фиристода шуд.
Қаблан КҲФ гуфта буд, ки 50 наҷотдиҳандаи тоҷик ба Туркия барои кӯмак ба осебдидагон рафтанд ва дар назар аст, ки онҳо аввал ба шаҳри Ғозиантеп ва баъд ба шаҳри Қаҳрамонмараш равона шаванд.
Наҷотдиҳандагон бо худ таҷҳизоти зарурии наҷотро бурдаанд, ки барои анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷоти дармондагон аз зери биноҳои фурӯрафта зарур аст.
Ҳамчунин, ин ниҳод навиштааст, ки якҷо бо наҷотдиҳандагон 25 тонна кӯмаки Тоҷикистон низ ба Туркия фиристода шуд.
Бояд гуфт, ки сокинони Душанбе даъвати кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Туркияро дастгирӣ намуда, аз дирӯз ба Сафорати Туркия, ки дар он ҷо нуқтаи ҷамъоварии кӯмак боз шудааст, либоси гарм ва дигар лавозимоти зарурӣ меоранд.
Бояд гуфт, ки Туркия ва Суриявро субҳи барвақти рӯзи 6-уми феврал заминларзаи шадид бо қувваи 7,7 балл такон дод. Худи ҳамон рӯз заминларза бо ҳамин шиддат такрор ёфт, ки ин миқёси харобиҳоро зиёд ва теъдоди қурбониёну маҷрӯҳонро афзуд. Тибқи иттилои охирин, теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба 12 391 нафар расида, дар Сурия теъдоди қурбониён ба беш аз 2992 нафар расидааст.
Дар хусуси тоҷикони муқими Туркия ва шароити онҳо то ҳол маълумоти эътимоднок дар даст нест. Маълум нест, ки касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ин офати табии зарар дидааст ё не.
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Иқтисодчиён мушкили асосии татбиқи Стратегияи миллии рушдро номбар карданд
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста