Дастаи наҷотдиҳандагони Тоҷикистон корҳои худро дар яке аз қитъаҳои душвори оқибатҳои заминларза дар Туркия - Қаҳрамонмаръаш идома медиҳад.
Шабонарӯзи гузашта дар муддати 18 соати амалиёти ҷустуҷӯ имдодгарони тоҷик аз зери харобаҳо 31 ҷасадро дарёфт ва берун гирифтанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.
Аз оғози корҳои наҷотбахшӣ ба гурӯҳи имдодгарони тоҷик муяссар шуд, ки 109 ҷасадро дарёфт ва берун гиранд. Дар ин муддат ба онҳо ҳамчунин муяссар шуд, ки аз зери тӯдаи оҳану хокпора одамони зиндаро наҷот диҳанд. Танҳо дар зарфи ду рӯз имдодгарони тоҷик се нафарро зинда наҷот доданд, ки ду нафарашон кӯдакони хурдсол мебошанд.
Бино ба маълумоти Кумита, дар мавзеъҳои таърихии Қаҳрамонмаръаш қариб ягон бинои бутун боқӣ намондааст.
Тибқи маълумоти расмии ахир, теъдоди ҳалокшудагон бар асари заминларза дар Туркия ва Сурия ба зиёда аз 37 ҳазор нафар расид.