Лола Азизова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик, имрӯз ба синни 60-солагӣ қадам ниҳод. Ӯ аз зумраи сарояндагони хушовоз ва маънисарои 40 соли охири санъати тоҷик шинохта шудааст.

Лола Азизова 23-юми феврали соли 1963 дар рустои Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба дунё омада, хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон аст. Аввалин сурудҳои худро ибтидои солҳои 1980 дар қолаби мусиқии суннатии шашмақом эҷод карда, баъдан ба хондани сурудҳои лирикӣ ва мардумӣ пардохт ва шӯҳратёр гашт.

Ин овозхон мегӯяд, замоне, ки аз рустои дурдасте ба саҳнаи ҳунар омад, пайвандону ҳамдеҳагонаш мухолифи роҳи пешгирифтааш буданд, аммо имрӯз аз ҳунари ӯ ифтихор мекунанд.

Лола Азизова ба муносибати ҷашни 60-солагияш ба “Азия-Плюс” аз зиндагии имрӯзаву роҳи тайкардаи дирӯзааш сӯҳбат кард.

“Шогирд тарбият мекунам”

- Имрӯзҳо чӣ ҳолу аҳвол доред ва ба чӣ кор машғулед?

- Шод, саломат ва хушбахтам. Бештар ба сафар мебароям. Ба дидани хешу табор ва ёрони ҷавониям ба деҳоти Тоҷикистон меравам. Ҳоли ҳозир аз Мастчоҳ баргаштам.

- Дар ин авохир камнамо ҳастед...

- Дар Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ва Мактаби бачагонаи санъат ба номи М. Аминзода дарс мегӯям. Бештари вақтам бо шогирдонам мегузарад. Худро ба роҳи тарбияти насли нав бахшидам ва ҳама саъю талошамро ба ин роҳ равона мекунам.

Акс аз саҳифаи фейсбуки Иттифоқи нависандагон

“Барои хидматҳои шоён ба нафақа баромадам”

- Соли 2014 бо як гурӯҳ сарояндагони маъруф аз Кумитаи телевизион ва радио ба нафақа баромадед. Вале овозхонҳои дигар корашонро ба таври шартнома идома доданд. Шумо чаро рафтед?

- Бале, ҳақ доштам, ки пас аз нафақа ҳам бо шартнома корамро дар дастаи ҳунарии “Дарё” идома диҳам. Чун Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон будам ва барои хидматҳои шоён ба нафақа баромадам. Ба ҳеҷ ваҷҳ монеаи идомаи кори ман шуда наметавонистанд, вале он замон бародарамро аз даст дода будам ва дигар хуши кор карданро надоштам. Ин баҳонае барои тарки кор карданам шуд.

- Мухлисонатон мегӯянд, аз Лола Азизова чанд сол боз суруди наве нашунидаанд. Ҳоло корҳои эҷодиатон чӣ гуна аст?

- Аз даст додани фарзанди падар бароям сахт гарон афтод ва ҳудуди панҷ сол дигар ба худ наомадам. Вақте ба худ омадам, дидам, хеле аз санъат дур шудаам ва чун муаллима аз таҷрибаам дар мактабу донишгоҳ кор мебарам.

Албатта, бекор набудам, ба тарбияти шогирдон машғул мешудам ва онҳоро ба озмунҳои дохилу хориҷи кишвар ва чорабиниҳои расмӣ омода мекардам. Ин ягона роҳе буд, ки маро аз санъат дур накард. Дуруст аст, ки ба кори эҷодиям беаҳамиятӣ кардам, вале дар роҳи тарбияи эҷодкорони ҷавон худро бахшидам ва пушаймон нестам.

Бозгашт пас аз 60-солагӣ

- Бим надоред, ки фаромӯш мешавед?

- Не, нақша дорам, ки дар баҳори меомада шаби эҷодиамро нахуст дар пойтахт ва баъдан дар минтақаҳои гуногуни кишвар барпо кунам. Ҳоли ҳозир ба омода кардани сурудҳои нави классикӣ банд ҳастам ва то он замон чанд оҳанги нав омода мешавад.

- Шумо аз сароидани сурудҳои классикӣ ба сурудҳои лирикӣ ва мардумӣ пардохтед. Ҳоло дар 60-солагӣ мехоҳед, ки боз ба классика баргардед?

- Ман бо бисёр зиддиятҳо ба роҳи ҳунар омадам. Духтари деҳа будам ва пайвандонам барои сароянда шуданам комилан мухолиф буданд. Ҳама садҳоро шикастам ва ба саҳнаи ҳунар омадам.

Дар ҳама жанрҳо худро санҷидам. Аз сароидани сурудҳои классикӣ оғоз карда, сипас рӯ овардам ба сурудҳои мардумии водии Зарафшон. Баъдан сурудҳои эстрадӣ, бастакорӣ, дуэт сароидам. Дар жанри Фалак ҳам худро санҷидам. Сурудҳои бемусиқӣ ҳам доштам. Шояд ҳамин аст, ки ҳоло миёни насли ҷавон ҳам шунаванда дораму миёни насли калонсол ҳам.

Инсон ҳарчанд бузург шавад, оромтабиат мешавад ва мусиқии суннатии классикии мо ба ин бисёр созгор аст. Адабиёти классикаи мо пур аз маънӣ аст ва вазифаи овозхон аст, ки ин панди ниёгонро ба самъи мардум бирасонад.

“Пайвандон зид буданд, ҳоло ифтихор доранд”

- Аз мухолифати пайвандон гуфтед. Имрӯз назари ҷомеаи мо барои овозхон шудани духтар дигар шудааст ё на?

- Имрӯз ба роҳи тайкардаи 40-солаам дар ҳунар менигарам, бурдҳои бузург ва меҳри мардум ва муҳаббати ҳунарро ба даст овардаам. Худситоӣ намекунам, аммо имрӯз ҳамон нафароне, ки барои сароянда шуданам зид буданд, аз камина ифтихор мекунанд.

Замоне, ки ман аз рустои дурдасте ба саҳнаи ҳунар омадам, пайвандону ҳамдеҳагонам мухолифи роҳи пешгирифтаи ман буданд, аммо ҳоло дар симои ман духтаронашонро ба роҳи овозхонӣ мегуселонанд. Хушбахтам, ки барои дигар кардани андешаи зиддунақиз ба овозхонии духтар, кам ҳам бошад, саҳме гузоштам.

- Шумо чанд оҳангро бо дард сароидаед. Дард барои ҳунарманд чӣ аст?

- Фикр мекунам, ки суруд агар дард дошта бошад, зудтар дар қалби шунаванда ҷой мешавад. Инсон бедард буда наметавонад. Агар ҳунарманд дард дошта бошад ва бо тамоми эҳсос хонад, он суруд шӯҳрат меёбад.

Ман як умр дарди бе модариву бепадариро кашидам. Ҳанӯз хурд будам, ки модарам ва донишҷӯ будам, ки падарам аз олам гузаштанд. Ин алам дар дили ман монд. Ин буд, ки сурудҳои падару модарро бо сӯзи ҷон месароидам ва медидам, ки шунавандагон чӣ гуна ашк мерехтанд.

Ҳар нафар як дард дорад ва дардҳое ҳастанд, ки ба касе дигар гуфта наметавонед. Дар ин ҳол, агар дарди инсонро сароянда бисарояд, ба эҳсосҳо бармехӯрад ва шӯҳрат меёбад.

- Ба сабки сарояндагони ҷавон чӣ назар доред?

- Ҳунар эъҷози Худован аст ва ба ҳар кас он эҳдо намешавад. Вале “бе мурабби зери гардун мӯътабар натвон шудан”. Ба андешаи камина, ҳар ҳунарманд бояд аз назди устод бигузарад. Ҳамон вақт эҷодкор кори бунёдӣ ва мондагор анҷом медиҳад, ки раҳнамое, дастгире, мададгоре дошта бошад.

- Имрӯзҳо бисёр сарояндагон аз пахш нашудани сурудҳояшон дар телевизионҳои давлатӣ нигаронӣ доранд. Шумо чӣ назар доред?

- Инро ман ҳам мешунавам ва нигаронӣ дорам. Аз он ки раиси Кумитаи телевизион ва радио нестам, чизе гуфта наметавонам. Сурудҳои эҷодкардаи ман аз тариқи телевизионҳои кишвар пахш мешаванд, худам шикояте надорам, вале дар сурате ба ин ҳолат рӯ ба рӯ шудам, шахсан пурсон мешавам. Посухе доштагистанд...

- Чиро дар роҳи санъат қурбон кардед?

- Худамро, ҳама тору пудамро қурбон кардам.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.