Тоҷикистон ба ҷоизаи «Мамлакати ҷолибтарини Осиё барои саёҳати кӯҳнавардӣ» соҳиб шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба сафорати Тоҷикистон дар Малайзия.

Ин ҷоиза ба Тоҷикистон рӯзи 24 феврал дар шаҳри Куала-Лумпур (Малайзия) дар маросим зери унвони «Top Asia Corporate Ball 2023» аз рӯи натиҷаи овоздиҳии хонандагони яке аз расонаҳои маъруфи малайзиягӣ - «RHA SDN BHD» тақдим шуд.

Гуфта мешавад, расонаи малайзиягии «RHA SDN BHD» бо нашри маҷаллаҳои «Top 10 of Malaysia» ва «Top 10 of Asia» маъруф буда, шумораи хонандагони он дар як моҳ ба 400 ҳазор мерасад.

Зимнан зикр мегардад, ки таваҷҷуҳи асосии расонаи болозикр нашри маводи ҷолиб роҷеъ ба давлатҳо, ширкатҳо ва шахсиятҳоест, ки боиси рушду навоварӣ дар минтақаи Осиё шудаанд ва ё иқтидори бузурги созандагиро дар бахшҳои гуногун доро ҳастанд.

Қаблан рӯзи 10 феврал дар нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар дода буданд, ки соли 2022 999,3 ҳазор сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки 3,4 баробар ё худ 703 ҳазор нафар сайёҳ зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.

Зикр гардида буд, ки  сайёҳон аз ҳама бештар аз Ӯзбекистон - 690 ҳазор нафар, Русия - 136 ҳазор нафар, Қазоқистон - 25 ҳазор нафар, Туркия - 7,5 ҳазор нафар ва ИМА- ҳудуди 7 ҳазор нафар ба Тоҷикистон омадаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.