Маркази миллии тестӣ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон арзиши хидматрасонӣ барои довталабони имсоларо, ки мехоҳанд ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шаванд, боло бурдааст. Фарқият нисбат ба соли гузашта барои хатмкунандагони синфи 11-ум 60 сомонӣ ва барои хатмкунандагони синфи 9-ум 30 сомонӣ аст.
Маркази миллии тестӣ хабар медиҳад, ки имсол қимати хидматрасонӣ барои хатмкунандагони синфҳои 11-ум 300 сомонӣ (соли 2021-ум 240 сомонӣ) ва хатмкунандагони синфи 9-ум 210 сомонӣ (соли 2021-ум 180 сомонӣ) муқарар шудааст.
Манбаъ менависад, ки арзиши хидматрасонӣ бо назардошти хароҷоти ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳо муқаррар карда мешавад.
Арзиш барои марҳилаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввал тағйир наёфтааст ва мисли соли 2021-уми 25 сомонӣ мебошад.
Дар ҳамин ҳол, як қатор ашхосе ҳастанд, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ имтиёз пешбинӣ гардидааст:
- шахсони то 21-солае, ки ятими кулл ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озоданд;
- шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб” аз пардохти 50 фоизи маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озоданд.
Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озод аст.
Шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд, ки маълумоти муфассал дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.
Довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ - 2023 бояд маблағи дахлдорро дар яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои “Амонатбонк” ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” пешакӣ пардохт карда, рақами расиди пардохтро бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намоянд.
Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, инчунин шакли электронияш дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, пайдо кардан мумкин аст.
Бояд гуфт, ки рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбие, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар ИМД-2023 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд, дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 1-уми март, дар Тоҷикистон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2023 (ИМД-2023) оғоз гардид.
Аввалин паради Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна гузашт?
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста