Муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба сиёсати иқтисодӣ Артем Кирянов бар ин назар аст, ки авфи муҳоҷирони қаблан ихроҷшуда барои қонуншиканиҳои ночиз ба ҳалли мушкилоти кадрӣ дар соҳаи сохтмон ва Хоҷагии манзилию коммуналӣ кумак мекунад, менависад Интерфакс.
“Албатта, мо намегӯем, ки баргардонидани шахсони машғул ба фаъолияти ғайриқонунӣ лозим аст. Лекин, масалан, авфи шахсоне, ки муҳлати будубошро риоя накардаанд ё қонуншикании маъмурӣ содир кардаву ба касе зарарашон нарасидааст, ба ақидаи ман имконпазир аст”, - гуфтааст Кирянов.
Ӯ таъкид доштааст, ки сохтори имрӯзаи бозори кор ҳам дар соҳаи сохтмон ва ҳам дар кори зерсохтори Хоҷагии манзилию коммуналӣ мушкилиҳо пеш меорад.
“Аз ин рӯ, агар онҳо хоҳиши омадану бо шартҳои аз ҷониби Русия пешниҳодшуда кор карданро доранд, албатта, мо набояд ба ин муқобил бошем”, - зикр кардааст Кирянов.
Дар бораи баррасии ин масъала дар мусоҳиба ба “Интерфакс” вакили Думаи давлатии Русия Владимир Ресин низ изҳори назар карда буд.
“Вазорати сохтмон ва ҳукумат вазъиятро пайгирӣ доранд ва омодаанд, ки дар сурати зарурат, тадбирҳои иловагӣ ҷорӣ созанд. Масалан, имкони эълони авф ба муҳоҷирони корие, ки замоне барои риоя накардани реҷаи (қоидаҳои) муҳоҷират ихроҷ шуда буданд, баррасӣ мешавад”, - гуфта буд Ресин.
Ба Русия бинокорон лозиманд
Қаблан президенти НОСТРОЙ Антон Глушков низ зарурати авфи сохтмончиёни хориҷии аз Русия ихроҷшударо зикр карда буд.
“Ба фикрам, ҳоло вақти таҳияи механизми ба истилоҳ авф дар масъалаи қувваи кории хориҷии аз қаламрави Русия ихроҷшуда фаро расидааст. Чунки қувваи кории хориҷӣ лозим аст, онҳо дар қаламрави Русия таҷриба ва малакаи корӣ доранд”, - изҳор дошта буд Глушков.
Ба гуфтаи ӯ, шумори муҳоҷироне, ки барои риоя накардани қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират ихроҷ шудаанд, хеле зиёд аст.
Танҳо дар мисоли Тоҷикистон теъдоди онҳо ҳудуди ним миллион нафарро ташкил медиҳад, шарҳ додааст роҳбари НОНСТРОЙ.
Глушков ҳамчунин хабар дода буд, ки аллакй як таҷрибаи судӣ роҳандозӣ мешавад, ки мувофиқи он, шаҳрвандони хориҷӣ аз болои ихроҷашон шикоят бурда, ҳуқуқи баргаштан ба Русия барои корро мегиранд.
Глушков таъкид дошта буд, ки соли 2022 дар Русия ҳудуди 6,5 млн нафар бинокрон машғули кор буданд ва бо назардошти ҳадафҳои рушди соҳаи сохтмон, то соли 2030 шумори онҳо бояд то 8 млн нафар зиёд шавад.
Ӯ зикр карда буд, ки ҳамагӣ 40%-и хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи сохтмон аз рӯи ихтисоси худ кор интихоб мекунанд.