Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев пешниҳод кардааст, муҳоҷироне, ки фарзандонашонро барои таҳсил ба мактабҳо намедиҳанд, аз ҳаққи падару модарӣ маҳрум карда шаванд. Дар ин бора ӯ зимни сафараш ба вилояти Калуга изҳори назар кардааст.

“Вобаста ба фарзандон модар гуфта метавонад: “Ман намехоҳам, ки фарзандам дар мактаб таҳсил кунад”. Модар аз оилаи муҳоҷирон аст. Мебояд гуфт, волидон ба ҷуз ҳуқуқ, уҳдадориҳо ҳам дошта, бояд фарзандони худро бо маълумот таъмин кунанд. Агар дар Русия чунин қабул шуда бошад, ки ҳамаи кӯдакон таҳсилдида ҳастанд, онҳо ҳам бояд ин корро кунанд. Агар не, пас бубахшед, ба фикри ман, бояд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд”, - мегӯяд Фадеев.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли гузашта Валерий Фадеев изҳор дошта буд, ки фарзандони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, набояд ба мактабҳо қабул карда шаванд. Он замон ӯ зидди расмиёти соддашудаи додани шаҳрвандии Русия барои фаъолияти ризокорӣ (волонтёрӣ) ё барқарор кардани зерсохтор дар Донбасс ва қаламрави зери назорати неруҳои низомии Русиядар Украина изҳори назар карда буд.

Фадеев огоҳ карда буд, ки додани шиноснома бо тартиби соддашуда “метавонад ба вуруди оммавии сохтмончиён аз Осиёи Миёна бидуни донистани забони русӣ ва қонунҳои Русия барои гирифтани шаҳрвандии Русия боис гардад”.

Бино ба маълумоти Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия, дар моҳи ноябри соли 2022 ҳудуди 6 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия қарор доштаанд, ки нисфи онҳо муҳоҷирони корӣ мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.