Дар Шохис (Индекс)-и ҷаҳонии хайрхоҳӣ-2023, ки дар торнамои World Population Review нашр шуд, байни 124 кишвар Тоҷикистон мақоми 46-умро ишғол кард.

Шохиси ҷаҳонии хайрхоҳӣ (The World Giving Index) - нишондиҳандаи пайгирӣ (мониторинг)-и сатҳи фаъолияти хайрхоҳонаи давлат мебошад.

Он соли 2010 аз ҷониби ширкати англисии Charities Aid Foundation таҳия шудааст. Он бар таҳқиқоти Донишкадаи амрикоии Гэллап асос ёфтааст.

Маълумот дар заминаи натиҷаҳои назарпурсии аҳолӣ гирдоварӣ шуда, кумакпулӣ ва теъдоди одамони ба ёрии хайрхоҳона ҷалбшуда (бо %), инчунин муносибати умумии аҳолии кишварро ба фаъолияти хайрхоҳона ва ризокорӣ (волонтёрӣ) ба инобат мегирад.

Ба ҷуз кумакпулӣ, инчунин дигар шаклҳои ёрӣ ба ниёзмандон ба назар гирифта мешаванд.

Кишваре, ки дар он ҳарчи бештар одамонаш ба фаъолияти хайру эҳсонкорӣ машғуланд, дар мақоми баланд қарор мегирад.

Ба ин тариқ, мувофиқи маълумоти Шохис, дар Тоҷикистон 19%-и аҳолӣ хайру эҳсонкорӣ карда, 49% - ба шахсони ношинос ёрӣ мерасонанд ва 39% - ба фаъолияти ризокорӣ ҷалб шудаанд.

Нишондиҳандаи умумии хайрхоҳӣ дар кишвар 36%-ро ташкил додааст.

Каме болотар аз Тоҷикистон Туркманистон (нишондиҳандаи умумӣ - 43%) ва Ӯзбекистон (41%) ҷойгир шудаанд.

Поинтар аз Тоҷикистон Қирғизистон (33%), Афғонистон (31%), Қазоқистон (26%) ва Русия (21%) қарор гирифтаанд.

Бо нишондиҳандаи 58% ИМА дар зинаи аввал ва бо 16% Юнон дар зинаи охири шохис ҷойгиранд.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон теъдоди эҳтиёҷмандон хеле зиёд буда, аз ин рӯ, қаблан мо рӯйхати ташкилоту идораҳоеро гирдоварӣ намуда будем, ки ҳар кадоме аз ниёзмандон метавонад ба онҳо муроҷиат кунад.

Бо ин суроға шумо метавонед рақамҳои навшудаи телефонҳои хонаҳои кӯдакон, паноҳгоҳҳо ва мактаб-интернатҳоро барои кӯдакон дарёфт кунед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.