Умриузоқ Абдураҳмонов, ятими кулл ва маъюби модарзор аз ноҳияи Зафарободи вилояти Суғдро ҳанӯз 6 сол дошт, ки ба хонаи пиронсолони ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов оварданд. Ӯ 16 сол дар ин даргоҳ зист ва се сол пеш ин маконро тарк кард. Ин кӯдак дар хонаи пиронсолон чӣ рӯзгор дошт ва ҳоло чӣ зиндагие дорад?  

Умриузоқ Абдураҳмонов маъюби модарзод аз ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд аст. Вақте ӯ таваллуд шуд, духтурон маълум карданд, ки бемор аст ва пешобдон надорад.

“Ман фарзанди дуюми оила ҳастам. Пеш аз ман ҳам волидонам соҳиби писарчае шудаанд, ки маъюб будааст. Ӯро дар кӯдакиаш аз даст додаанд. Пас аз ду соли марги бародарам, ман таваллуд шудаам. Мутаассифона, ман ҳам маъюм ҳастам”, - бо такя ба нақли бибиаш ба ёд меорад Умриузоқ.

Тақдири талх

Баъди он ки духтурон Умриузоқро бемор мегӯянд, падари ӯ аз модараш ҷудо шуда, ба кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон меравад ва дар он ҷо оилаи нав бунёд мекунад.

Умриузоқ дар Зафаробод бо модараш мемонад. Онҳо дар хонаи волидони модараш се сол зиндагӣ мекунанд ва баъди он, модар Умриузоқро ба хонаи бибии падариаш бурда месупорад ва худ бори дигар ба шавҳар мебарояд.


Бибии падариаш, ки Умриузоқ номашро фаромӯш кардааст, то шашсолагӣ ӯро нигоҳубин мекунад ва баъдан ба хонаи пиронсолони ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов месупорад.

“Ростӣ, то ҳол намефаҳмам, ки чаро бибиам маро ба хонаи пиронсолон бурданд, чун ман кӯдак будам. Ва ҳамчунин, хабар надорам, ки оё вақти қабули ман ба ин хонаи пиронсолон мушкиле пеш омадааст ё не, аммо ман дар ин макон 16 сол зистам ва калон шудам”, - мегӯяд ӯ.

Кӯдаке дар хонаи пиронсолон

Умриузоқ аз ҳайати кормандони хонаи пиронсолон изҳори сипос мекунад ва мегӯяд, новобаста ба беморӣ ва кӯдак буданаш, ӯро хуб қабул карданд ва ба воя расониданд.

Аммо дар баробари ин, зиндагӣ дар хонаи пиронсолонро бо дарду алам ба хотир меорад. Махсусан, солҳои аввали будубош ва муносибати бошандагони ин даргоҳ ӯро ба як бачаи хомӯшу конораҷӯ табдил дод.

“Чун ман бемор будам ва пешобдон надоштам, одамон аз ман дурӣ меҷустанд. Касе бо ман суҳбат кардан намехост ва баъзан ошкор мегуфтанд, ки “аз мо дур шав, бӯй дорӣ”, - бо дард нақл мекунад Умриузоқ.

Барои нороҳат накардани дигарон ва халосӣ аз ҳар гуна гапҳои бошандагони хонаи пиронсолон, Умриузоқ гӯшанишин шуд. Ӯ мегӯяд, кӯшиш мекард аз одамон дур гардад ва бештари вақти худро зери дарахтон бо сайру гашт мегузаронид. Ба ҳуҷраи хоб танҳо барои рӯз кардани шаб мерафт.


Чунин ҳолат дер давом кард, то он рӯзе, ки Умриузоқ бо намояндагони ташкилоти “Рангинкамон” мулоқот намуд.

“Соли 2008, 11 сол доштам, ки намояндагони ин ташкилот ба назди ман омаданд. Аз аҳволи ман хабардор шуданд ва баъдан барои ҷарроҳӣ ба Олмон бурданд. Он ҷо ҷарроҳии аввалинам гузашт”, - иброз медорад Умриузоқ.

Пас аз ҷарроҳӣ саломатии Умриузоқ хеле беҳтар мешавад ва дилаш ба зиндагии баъдӣ боз ҳам гармтар мегардад. Ӯ ба ҳунаромӯзӣ мепардозад ва нонпазиро аз худ мекунад.

“Ҳар рӯз барои 250 нафар нон мепазам. Шояд барои дигарон ин кори душвор бошад, аммо барои ман ин роҳатбахш аст, чун худамро шахси зарурӣ барои ҷомеа ҳис мекунам,” – бо қаноатмандӣ мегӯяд Умриузоқ.

Ғайр аз ин, ӯ ҳамчунин касби дуредгариву кафшергариро низ аз худ мекунад.

Умеди ношикаста

3 сол пеш, хонаи пиронсолони Деҳмойро ба Маркази бемориҳои рӯҳи табдил доданд Умриузоқ бапаногоҳ монд. Ӯ муддате дар шаҳр иҷоранишин буд, аммо ин барояш гаронӣ кард.

Боз ҳам ташкилоти “Рангинкамон” барояш кӯмак намуд ва ӯро дар “Маркази минтақавии хидматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон” дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир намуд.

Ҳоло Умриузоқ дар ин Марказ зиндагӣ дорад ва хушҳол аст, ки сарпаноҳе пайдо кардааст. Аммо барои нороҳат накардани ҳамхонаҳояш басо эҳтиёткорона зиндагӣ мекунад. Аз нӯшидани оби зиёд парҳеҷ мекунад, то зиёд пешоб накунад. Ҳарчанд лавозимоти тиббии зарурӣ барои пешоб дастрас кардаасту бо он зиндагӣ мекунад, аммо он бо теъдоди муайян аз хориҷа дастрас карда мешавад. Аз ин лиҳоз, кушиш мекунад, онро сарфакорона истифода барад.

“Барои мисли одамони муқаррарӣ шуданам ду марҳилаи дигари ҷарроҳиро бояд дар Германия гузаронам. Як ҷарроҳии он 150 ҳазор сомониро тақозо мекунад. Умедворам, ки хайрхоҳон кумак мекунанд ва маблағ барои ҷарроҳӣ пайдо мешавад”, - бо умед мегӯяд Умриузоқ.

Бале, ҳамин умед ва одамони нек ҳастанд, ки Умриузоқи беморро ба зиндагӣ дилгарм мекунанд ва барои талоши ҳаёт водор менамоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.