Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе талаби маблағ барои таъмири боғчаро ғайриқонунӣ хонд. Ин ниҳод гуфт, ҳар мудири боғча ё мураббии он барои таъмири муассисаи томактабӣ маблағ талаб кунад ва аз ин кор шикоят ворид шавад, чораи лозима меандешад.
Ин нукта дар пайи шикояти баъзе волидон оид ба талаби маблағ барои таъмири боғча дар шабакаҳои иҷтимоӣ зикр карда шуд.
Асомиддин Бобозода, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, талаби маблағ аз ҷониби мудирон ва мураббиёни боғча барои таъмир ва дигар корҳои ободонӣ аз волидайн ғайриқонунӣ аст.
“Ба касе иҷозат дода намешавад, ки барои таъмири боғча аз волидон маблағ талаб намояд. Ин ғайриқонунӣ аст. Дар ҳолати ба таври маҷбурӣ талаб намудани маблағ барои таъмир волидон метавонанд ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд”, - гуфт Бобозода.
Ӯ ҳамчунин, барои тамос рақамҳои зеринро гузошт:
Тел: 221 30 92
WhatsApp: 002204040
“Агар волидон бо хоҳиши худ барои саҳмгузорӣ дар ободонии муассисаҳо маблағ диҳанд, дар ин ҳолат мушкиле нест”, - илова кард Бобозода.
Масъули Сарраёсати маорифи пойтахт ин суханонро дар посух ба изҳори назари корбарони шабакаи иҷтимоии фейсбук иброз намуд.
Чанде пеш, нафаре аз корбарони шабакаи иҷтимоии фейсбук навишт, ки аз пайвандонаш барои таъмири боғча 50 сомонӣ талаб кардаанд. Ҳамин тавр, ин баҳс доғ шуд ва чандин корбари дигар дар шарҳи ин навишта даъво карданд, ки барои таъмири боғча дар солҳои гуногун маблағ пардохтаанд.
Гуфтан ба марид аст, ки ҳар сол барои таъмиру тармими боғчаҳои давлатӣ аз ҷониби давлат маблағи муайян ҷудо мешавад, вале тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳад, то ҳол ҳолатҳои талаби маблағ аз волидон барои таъмири боғча пурра аз байн нарафтааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 феврали соли 2025
“Бароям муҳим аст, ки хонанда баъди хондани осорам ба фикр фурӯ равад”. Сорбон 85-сола шуд
“Бо умед хона харидем, вале ҳанӯз иҷора мешинем”. Шикояти сокинон аз бинои нотамом ва ваъдаи ширкати сохтмонӣ
Содирот кам аст. Тоҷикистон истеҳсоли сементро коҳиш додааст
Рӯзҳои истироҳатӣ ҳаво дар Тоҷикистон хунук мешавад
Тафтиши парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” ба охир расидааст
Дар Тоҷикистон кӣ ва чанд пул маош мегирад?
“Каме бемор буданд”. Президенти Академияи миллии илмҳо сабаби таҷлил нашудани 85-солагии Акбар Турсонро гуфт
Мизи мудаввар оид ба натиҷагирии 29-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29)
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузди меш ва марди тамаъкор”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста