Чанде пеш Додситонии шаҳри Душанбе як нафар духтур-ҷарроҳи Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббиро барои бе зарурат таъин ва гузаронидани доруи “Лидаза” ба бемор – духтари 17-сола, ки боиси марг шудааст, боздошт ва алайҳи ӯ бо ҷурми “номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ, ки боиси марги шахс шудааст” парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Ин ҳодиса вокуниши ҷомеаро барангехт ва чандин нафар аз касбияти духтурон ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, хостори беҳбуди соҳа шуданд.

Дар пайи ин ҳодиса, ба “Азия-Плюс” марде шикоят кард, ки занаш пас аз ҷарроҳии пластикӣ қариб ду моҳ дар бемористон бистарӣ гардида, оқибат вафот кардааст. Ин мард даъво дорад, ки занаш бо айби духтур вафот кардааст, аммо он табиб озодона ба кораш идома медиҳад. Шавҳари маҳрум мехоҳад он духтур ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Боз киҳо ва аз кадом сабаб аз духтурон шикоят доранд? Чаро чунин ҳолатҳо дар соҳаи тандурустӣ ҷой доранд? Чаро имрӯз бархе духтурон ба бемор на ба ҳайси корафтода, балки чун “муштарӣ” бархӯрд мекунанд? Мутахассисони ботаҷриба бо кадом сабабҳо тарки соҳа мекунанд? То кадом андоза мактаби тиббии замоне пурнуфузи Тоҷикистон имрӯз нуфузашро аз даст медиҳад? Чӣ бояд кард?

Дар нашри навбатии ток-шоуи “Рости гап” мо талош кардем ба ин ва дигар саволҳои муҳим посух ёбем.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.