Раҳбарияти шуъбаи маҳаллии ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, хати ин маҳалла ғайриқонунӣ ба дигар шабака - хати саноатӣ пайваст шуда, аз ин рӯ, онҳо тасмим гирифтаанд, ки интиқоли барқро тариқи он қатъ мекунанд.

Бидуни огоҳии аҳолӣ ва ғайриқонунӣ...

Ба савол дар бораи “Чаро бо ин сабаб одамон ду ҳафта инҷониб бояд бе барқ монанд?” инҷо гуфтанд, то замоне, ки аҳолӣ гунаҳкорони пайвасти ғайриқонуниро пайдо карда, ба назди раҳбарият наоранд, ба онҳо барқ интиқол дода намешавад...

Сокинон зикр мекунанд, ки аввалан, онҳо уҳдадор нестанд, ки гунаҳкоронро ҷустуҷӯ кунад ва дуюм, байни онҳо мутахассисе нест, ки пинҳонӣ хати худро ба дигар шабака пайваст карда тавонад.

“Аз лиҳози техникӣ инро танҳо худи кормандони шабакаи “Шабакаҳои барқи Турсунзода” карда метавонанд”, - мегӯяд яке аз онҳо.

Шарҳ медиҳем, ки барои чӣ ӯ ҳақ аст

Ду хати интиқоли барқ мавҷуд аст - одӣ барои аҳолӣ ва ба истилоҳ “сурх” барои бо барқ таъмин кардани иншооти саноатӣ ва иҷтимоӣ.

Бартарияти хати дуюм дар он аст, ки дар давраи лимит ба иншооти саноатӣ ва иҷтимоӣ бештар барқ медиҳанд ё интиқоли барқро ба онҳо умуман қатъ намекунанд. Бинобар ин одамон кӯшиш мекунанд, ки бо кормандони “Барқи тоҷик” барои сими барқи онҳоро пайваст кардан ба трансформаторҳои ин иншоот гапзанон кунанд.

Сурат: Asia-Plus

Ва ин кори осоне нест. Барои ин маъмулан якчанд адад техника ва теъдоди зиёди устоҳои барқ ҷалб мешаванд. Яъне ин корро пинҳонӣ ва бе иштирки мутахассисон анҷом додан ғайриимкон аст...

Муҳоҷирони энергетикӣ

Дар ҷаҳон категорияи нави муҳоҷирон маъруф мешавад: аҳолӣ бинобар набудани барқу газ хонаҳои худро гузошта, барои зиндагӣ ба дигар минтақаҳо мераванд. Пешоҳангони чунин ҳаракат дар Тоҷикистон сокинони маҳаллаи Шайхмузаффар-2 шуда метавонанд.

Аллакай ду ҳафта аст, ки мардум дар кӯча хӯрок мепазад
Сурат: Asia-Plus

Дар маҳалла 20 хона ҳаст. Бо сабаби мушкилоти барқ баъзе оилаҳо хонаҳои худро маҳкам карда, ба дигар ҷой рафтанд - касе дар шаҳр хона иҷора гирифтаву дигарон дар хонаҳои хешовандон макони зист дарёфтаанд.

Якчанд оила боқӣ мондаанд, ки ҷойи рафт надоранд. Дар се оила беморони вазнин ҳастанд, ба нигоҳубин ниёз доранд. Дар ду оила кӯдакони хурдсол зиндагӣ мекунанд, ки барои онҳо хӯроки гарм, ҳамарӯза шустани сарулибосашон ва захираи хӯрок дар яхдон лозим аст.

1/3

Ҳозир давлат пур кардани баллони газро барои аҳолӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ки ба ҳалли мушкилот каме ёрӣ мерасонид, манъ кард.

Дар натиҷа одамон дар полезҳои худ ошдонҳо сохта, ҳезумро месӯзанд, ки хеле гарон аст - 3-4 ҳазор сомонӣ барои 1 притсеп.

Тайи ду ҳафтаи ахир ҳезуми мардум тамом шуда, ҳоло барои гарм кардани об дар дегҳо ва ё пухтани хӯрок партовҳои пластикӣ ва алафҳои бегонаро ҳамчун ҳезум истифода мебаранд.

"Оё шумо шири дар шишаҳои пластикӣ ҷӯшонидашударо санҷидаед? Бӯи пластики сӯхта дорад!”- мегӯяд яке аз сокинони маҳаллӣ бо хашм.

1/3

Кӣ барои зарари ба тиҷорат расонидашуда масъул аст?

Бо сабаби набудани барқ пойгоҳҳои обкашии ду токзор, ки дар шафати маҳалла ҷойгир аст, кор намекунанд. Сармои зимистони имсола ба онҳо осеби зиёд расонид: қисме аз дарахтон нобуд шуда, боқимондаҳо имрӯз аз беобӣ хушк мешаванд...

Сокинони Шайхмузаффар-2 барои нақзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони неруи барқ ​​ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиат кардан мехоҳанд.

«Аммо дар ин ҷо сокинони маҳаллӣ ба мо гуфтанд, ки муроҷиат ба мақомоти гуногун бефоида буда, бо «Барқи тоҷик» гапзанон кардан беҳтар аст. Аммо оилаҳои камбизоат пул надоранд, ки "гапзанон” кунанд”, - мегӯяд як сокини маҳаллӣ.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ҳуқуқшиносони ширкати “Ҳимоя” ва Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон, агар ин ширкат бидуни огоҳӣ барқро хомӯш карда бошад, ин асос барои муроҷиат ба додгоҳ аст. Қатъи интиқоли барқ ғайриқонунӣ дониста шуда, андозсупоранда бо пешниҳоди даъво дар бораи риоя нашудани ҳуқуқҳояш аз болои он шикоят бурда метавонад.

Маъруф дар саросари Тоҷикистон…

Сурат аз торнамои minskenergo.by

Бояд гуфт, ки корхонаи «Шабакаи барқи Турсунзода», ки тобеи ширкати «Барқи Тоҷик» аст, бори аввал нест, ки бо амалҳои ғайриоддии кормандони худ мушоҳида мешавад.

Имсол ба далели қаллобии молиявӣ теъдоде аз кормандони ин корхона аз кор озод карда шуданд. Ва шаш сол пеш қиссаи аз дасти як зани бечора кашида гирифтани бузи охирин барои қарзи ночизи нерӯи барқ аз ҷониби кормандони ин корхона пурсарусадо шуда буд.

Аз он вақт инҷониб якчанд роҳбар иваз шуд, вале то ҳол дар кор бо аҳолӣ тартибот ба мушоҳида намерасад.

Дар насби ҳисобкунакҳои пулакӣ барои аҳолӣ ва бастани шартномаҳо бо соҳибкорон низ мушкилоти зиёд вуҷуд дорад.

Барқ барои ҳама намерасад

Дар шаҳри Турсунзода интиқоли барқ ​​аксар вақт бидуни огоҳӣ қатъ мешавад ва дар натиҷа бисёре аз корхонаҳои хурду коргоҳ ва нуқтаҳои савдо дар гармои 40 дараҷа бе барқ ​​мемонанд. Мегӯянд, талафот зиёд аст ва нерӯи барқ ​​намерасад. Ҳарчанд чанде пеш дар ин ҷо дар зеристгоҳи «Равшан», ки қариб 350 ҳазор нафар сокинони шаҳру деҳаҳоро бо нерӯи барқ ​​таъмин мекунад, бо маблағи зиёд корҳои таъмиру навсозӣ гузаронида шуд.

Сурат: Asia-Plus

Дар шаҳр роҳандозии низоми ягонаи биллингӣ барои пардохти нерӯи барқ бо истифода аз рақами ягонаи шахсӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре ки қаблан ба «Азия-Плюс» аз ин корхона хабар дода буданд, соли ҷорӣ дар ин ҷо ҷамъоварии маблағ барои нерӯи барқи истифодашуда зиёд шудааст, яъне аҳолӣ ва корхонаҳо маблағи хидматрасонии ширкати «Барқи тоҷик»-ро саривақт месупоранд...

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.