Моҳи июл қариб дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон обуҳавои гарм пешгӯӣ мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки дар баъзе минатқа ва ноҳияҳо ҳарорати миёна баъзан 1-2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ дар назар аст.

Ҳавои аз ҳама зиёдтар гарм дар вилояти Хатлон ва водии Ноҳияҳои тобеи марказ пешбинӣ мешавад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, дар ҷануби Тоҷикистон ҳарорати миёна дар водиҳои то 34 дараҷа ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 27 дараҷа гармро ташкил медиҳад.

Миқдори боришоти моҳона аз меъёр пасттар пешбинӣ шудааст. Дар нимаи аввали моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Баъзе рӯзҳо дар вилояти Хатлон суръати шамол аз самти ғарб пурзӯр шуда, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёна дар ин моҳ баъзан 1 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ дар назар аст: ҳарорат дар водиҳо 27-30 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ - 15-21 дараҷа гарм мешавад.

Миқдори боришоти моҳона баъзан пасттар аз меъёр дар назар буда, боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ нимаи аввали моҳ имконпазир аст.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳона 18-23 дараҷа, ғарби ВМКБ - 20-24 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Боришот баъзан баландтар аз меъёр дар назар буда, асосан дар нимаи аввали моҳ пешбинӣ мешавад. Баъзан суръати шамол пурзӯр шуда, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

Дар ноҳияҳои шарқи ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳона дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, 9-13 дараҷа гармро ташкил медиҳад.

Тавсияҳои КҲФ

Бо назардошти идомаи ҳавои гарм ва такрори тӯфонҳои чангу ғубор, Кумитаи ҳоатҳои фавқулодаи Тоҷикистон чунин тавсияҳо медиҳад:

- Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошед. Ҳангоми ҳузур дар соҳили дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо низ дақиқан ба вазъи атроф нигаред ва аз эҳтиёт кор гиред.

- Давоми рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшед, бахусус агар онҳо ба самти офтоббаро боз шаванд. Аммо шабона агар дамои ҳаво поин рафт, метавон тирезаҳоро боз кард, албатта агар ин бехатар бошад;

- Ҳангоми шамол додани хона, кӯдаконро беназорат нагузоред;

- Ҳарорати дохили хонае, ки бо ҳавополо сард карда мешавад, набояд поинтар аз  +23+24 дараҷа бошад. Тобистонҳо ҳама бемориҳои шамолхӯрдагӣ бар асари истифода нодурусти ҳавополо, истеъмоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва якмосҳо рух медиҳанд;

- Аз нурҳои мустақими офтоб худдорӣ кунед, кӯшиш намоед дар соя бимонед. Бахусус бо кӯдакони то сесола гардиш кардан дар кӯча тавсия намешавад. Аз иҷрои корҳои вазнин ҳам худдорӣ кунед;

- Либосҳои тунуку сабук пӯшед, дар сар кулоҳ дошта бошед, чатр ва айнакҳои ҳимоя аз офтоб низ заруранд, бахусус барои касоне, ки рӯзона кор мераванд ё ҷойи дигар;

- Бештар об бинӯшед. Мева истеъмол кунед, зеро меваҳо манбаъҳои аслии витаминҳои гуногунанд. Беҳтараш оби ҷӯшомадаро нӯшед, обе ки баъди ҷӯш омадан дар ҳарорати хона сард шудааст. Аз нӯшидани оби сард худдорӣ кунед, зеро ин боиси поин рафтани сатҳи сироятпазирӣ мешавад ва шумо зуд-зуд ба ҳар беморӣ гирифтор мешавед. Аз нӯшидани обҳои газдор ва обҳои ширин, ҳамчунин нӯшкиҳои спиртӣ худдорӣ намоед;

- Кӯдаконро дар дохили мошинҳо танҳо нагузоред. Пеш аз он ки ба мошине, ки дар офтоб истодааст, нишинед, аввал дарҳои онро боз кунед;

- Агар одами гармозадаро дидед, фавран ӯро дар соя хобонед, тавре, ки шамол ба рӯяш расад, ӯро водор созед, то қатра-қатра об бинӯшад, баданашро бо латтаи намнок  пок созед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ дода шавад;

- Ҳангоми истироҳат дар соҳили махзанҳои об, оббозӣ ҳатман қоидаҳои бехатариро риоя намоед.

Одамоне, ки аз бемориҳои қалб ранҷ мебаранд дар гармо чӣ бояд кунанд?

1. Ҳамеша доруҳои таъиншударо бояд бо худ дошт.

2. Ҳатман он дуруеро, ки барои субҳ духтур таъин кардааст, истеъмол намуд.

3. Бо худ бояд оби бегаз дошт.

4. Рӯмол ва ё дастпоки коғазӣ бо худ дошт, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро тар кард ва бо ин васила ҳарорати бадани худро мӯътадил нигоҳ дошт.

5. Дар офтоб худро насӯзонед ва кӯшиш кунед аз нурҳои сӯзони офтоб дурӣ ҷӯед.

6. Агар кӯча хеле гарм бошад, хуб мешавад, ки аз хона берун нашавед.

7. Либосҳо аз матоъи табиӣ пӯшед.

8. Рӯзона на камтар аз якуним литр об нӯшед.

9. Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаред, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунед. 

10. Хеле муҳим аст, ки шароб истеъмол нанамоед ва сигор ҳам накашед.

Дар ҳоли пеш омадани ҳолатҳои ногувор бо телефони 112; 93 880 28 19; 223-13-11 ва ё ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар диҳед!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.