Субҳи имрӯз нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик дар ҳайати 165 нафар аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баргаштанд. Онҳо беш аз 20 рӯз дар шаҳри Макка ва 3 рӯзи охир дар шаҳри Мадина маносики ҳаҷро адо карданд.
Ҳоҷиёни тоҷикро намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, ки дар кишвар Арабистони Саудӣ ҳамраҳӣ мекарданд, шаби гузашта аз шаҳри Мадина гусел карданд ва намояндагони дигар дар шаҳри Душанбе истиқбол гирифтанд.
“Азия-Плюс” ба истиқболи зоирини хонаи Худо рафт ва тассуроташонро аз ин сафар пурсон шуд.
Имсол беш аз 4 ҳазору 500 нафар тоҷикистониён барои адо кардани маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафта буданд. Ҳама ҳоҷиёни тоҷик то рӯзи 18-уми июл бармегарданд.
Дар ин инфографикаи мо метавон дид, ки тайи 5 соли ахир чӣ теъдод шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои адои маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафтаанд.
Ёдовар мешавем, ки имсол беш аз 2 миллиону 600 ҳазор мусулмон аз саросари ҷаҳон барои иҷрои маросими ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ рафта буданд. Ин теъдод, пас аз пандемияи каронавирус, нишондиҳандаи рекордӣ ба ҳисоб меравад.
Сокинони Тоҷикистон ҳар рӯз зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷарима мешаванд
“Долони соддашудаи гумрукӣ" миёни Тоҷикистону Русия - қадаме сӯйи ИИАО?
Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп барқияи табрикотӣ ирсол кард
Аҳмади Иброҳим иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад кардааст
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки чаро ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид
Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2: “Истиқлол”-у “Равшан” дигар имкони баромадан аз гурӯҳро надоранд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Додхоҳии пашша аз бод”
Доналд Трамп ба Кохи Сафед бармегардад
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории арӯсу домод
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста