Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 12 август дар саросари дунё Рӯзи байнулмилалии ҷавонон ҷашн гирифта шуд. Ҷавонон тақрибан 70%-и аҳолии Тоҷикистоно ташкил медиҳанд. Онҳо имрӯзу ояндаи кишваранд.
Аз ин лиҳоз "Азия-Плюс" байни сокинони ҷавони пойтахт як пурсиш гузаронид. Мо пурсидем, ки ҷавонони кишвар чӣ орзу доранд ва ба фикри онҳо, кадом мушкилиҳо метавонанд барои амалӣ гардидани орзуҳояшон монеа шаванд.
Аксарият орзу доранд, ки кори шоиста пайдо кунанд, бархе хуб таҳсил кардану ҷойи худро дар ҳаёт ёфтан мехоҳанд, чандеи жигар ният доранд, ки ба хориҷи кишвар раванду пули бисёр кор кунанд...
Ҷавоби онҳоро дар гузориши видеоии зер бубинед ва шумо ҳам бинависед, ки чӣ орзу доред.