Дар замони имрӯз иттилоот нақши муҳим мебозад, чун бештари бозиҳои сиёсӣ, ҷанги кишварҳои абарқудрат, муборизаҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ бо пахши иттилооти махсуснигаронидашуда сурат мегирад, на ба бомбу куштор, тирзаниву тарконидан. Касе иттилооти зиёд ва таъсирбахш пахш менамояд ва ба ҳадафи худ мерасад, ғолиб дониста мешавад.
Бинобар ин имрӯз тасмим гирифтем дар бораи силоҳи хавфноки замони муосир, ки дунёро иваз намуда, халқро ба хиёбонҳо кашонида бар зидди якдигар шӯронида истодааст, маълумот диҳем.
Ҷанги замони муосирро, ки тариқи иттилоот сурат мегирад ба истилоҳ “ҷанги иттилотӣ” мегӯянд. Имрӯз мо дар бораи кай пайдо шудан, бо чӣ нақшаҳо роҳандозӣ кардан ва оқибатҳои он маълумот хоҳем дод.
Ҷанги иттилоотӣ чист?
Мафҳуми ҷанги иттилоотӣ аз забони англисӣ буда, метавонад ҳамчун "муқовимати иттилоотӣ" ё "ҷанги иттилоотӣ - психологӣ" тарҷума шавад, ки он аз матни ҳуҷҷати расмӣ ё нашри илмӣ вобаста мебошад.
Ҷанги иттилоотӣ – ҷангест бо ёрии технологияҳои иттилоотӣ, ки дар он василаи асосии мубориза иттилоот аст. Дар ин бора файласуф ва мунаққиди канадагӣ Маршалл МакЛухан соли 1962 дар китоби худ “Галактикаи Гутенберг” таъкид кардааст.
“Ҷанги ҳақиқии комил ин ҷанг тавассути иттилоот аст. Он ба таври возеҳ тавассути воситаҳои электронии иртибот амалӣ мешавад. Ин ҷанги доимӣ ва бераҳмона аст ва аслан дар он қариб ҳама ширкат мекунанд", - гуфтааст ӯ.
Ҷанги иттилоотӣ метавонад сохторҳое, ки мақомот таъсис медиҳанд, инчунин ҷамоаҳои алоҳида, гурӯҳҳо ва шахсони алоҳидаро дар бар гирад. Ҷанги иттилоотӣ доимӣ буда он на танҳо дар давраи муборизаи мусаллаҳона, балки дар давраи осоишта низ давом меёбад. Ҷанги иттилоотӣ шакли душвортарини муқовимати иттилоотӣ мебошад.
Мувофиқи таърифи Манойло А.В. (2005), ҷанги иттилоотӣ ҷараёни муқовимати ҷомеаҳои башарӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ё дигар сатҳи стратегӣ тавассути таъсир расонидан ба аҳолии мулкӣ, мақомот ва (ё) қувваҳои мусаллаҳи ҷониби муқобил, бо роҳи паҳн кардани иттилоот, маводи махсус интихобшуда ва омодашуда мебошад.
Ҷанги иттилоотӣ чӣ ҳадаф дорад?
Ҷанги иттилоотӣ бо ҳадафҳои гуногун роҳандозӣ карда мешаванд. Он бо роҳи пахши маълумоти бардурӯғ, сиёҳкунии рақибон ва тафсири ҳодисаҳои гуногун ба манфиат ва нафъи худ, ҷалб намудани афкори омма барои пуштибонии хеш аст. Истифодаи моҳирона ва пахши ҳадафмандонаи он тарафдорони зиёдеро гирди гурӯҳи пахшкунандаи он ҷамъ меоварад.
Бинобар ин аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қурбони дасткориҳои ҷанги иттилоотӣ нашавед, манбаъҳои иттилоотро тафтиш намоед, маводҳои хабариро аз чанд расона хонед ва тафаккури интиқодии худро ба кор баред ва саводи расонаии худро рушд диҳед.
Барнома дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста