Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) аз ҷониби додгоҳи вилояти Суғд бетағйир гузоштани шикояти кассатсионии Хуршед Фозилов, рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷикро интиқод карда, бо нашри изҳороте аз Ҳукумати Тоҷикистон бори дигар озодии ӯро талаб кардааст.
Карлос Мартинес де ла Серна, директори барномаҳои CPJ дар Ню-Йорк аз ҷониби додгоҳи вилояти Суғд бетағйир гузоштани шикояти кассатсионии Хуршед Фозиловро ба чолиш кашида, гуфтааст, ки дар Тоҷикистон “додгоҳҳо рӯзноманигоронро ҷинояткор мебароранд”.
“Хуршед Фозилов дастикам ҳафтумин рӯзноманигори тоҷик аст, ки дар як соли ахир ба мӯҳлати тӯлонии зиндон маҳкум шудааст. Мақомот бояд Фозилов ва дигар журналистонро аз зиндон озод кунанд ва иддаои бо бадрафторӣ ба гуноҳ эътироф кардани онҳо ба таври ҳамаҷониба тафтиш карда шавад”, - омадааст дар изҳороти CPJ.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 6-уми март Хуршед Фозиловро аз ҷои кораш дастгир карданд ва пас аз чанд рӯз бар зиддаш иттиҳом эълон шуд.
Рӯзи 26-уми майи соли 2023 Додгоҳи шаҳри Панҷакент дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд Хуршед Фозиловро ба гуноҳи узвият дар созмонҳои мамнӯъ 7 сол равонаи зиндон карда буд.
Вале худи Хуршед Фозилов, тавассути вакили дифоаш гуфта буд, ӯро маҷбур карданд, ки бар зидди худаш баёнот диҳад ва ҳеҷ гоҳ бо созмонҳои мамнӯъ дар кишвар ҳамкорӣ надоштааст.
Пас аз ҳукм, пайвандон ва вакилони дифои рӯзноманигор ба зинаи кассатсионии Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурда буданд, аммо ахиран ин додгоҳ шикояти онҳоро дар мавриди бекор кардани ҳукми Додгоҳи шаҳри Панҷакент бетағйир гузошт.
Ҳоло маълум нест, ки наздикон ва вакилони дифои Хуршед Фозилов ба зинаҳои болоии додгоҳ боз шикоят мебаранд ва ё не.
Қаблан Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ин рӯзноманигорро раҳо карда, ба таъқиби ҳама хабарнигорон хотима диҳад.
Аз ин пеш, Далери Имомалӣ, Абудуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, чор рӯзноманигори тоҷик айнан бо ҳамин ҷурм дастгир ва бо ҳукми додгоҳ аз 7 то 10 сол аз озоӣ маҳрум карда шуданд.
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?
Кор дар Қатар. Музди кор чанд аст ва барои сафар ба куҷо муроҷиат бояд кард?
Шӯрои уламои Русия фатвои иҷозаи бисёрзаниро бозхонд кард
Даҳ варзишгари тоҷик ба сафи беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон шомил шуданд
Эмомалӣ Раҳмон ба Русия меравад. Ӯ бо Владимир Путин мулоқоти як ба як мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста