Додгоҳи вилояти Суғд шикояти Хуршед Фозилов, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷик ва вакилони дифои ӯро дар мавриди бекор кардани ҳукми Додгоҳи шаҳри Панҷакент бетағйир гузоштааст. Дар ин бора аз Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз, 14-уми август дар нишасти хабарӣ иттилоъ доданд.
Масъулуни ин ниҳод гуфтанд, марҳилаи касатсионии додгоҳи Хуршед Фозилов як моҳи пеш, 12-уми июл баргузор гардида, додгоҳи вилоят қарори 7 сол ҳабси ӯро бетағйир гузоштааст.
Рӯзи 26-уми майи соли 2023 Додгоҳи шаҳри Панҷакент дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд Хуршед Фозиловро ба иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ 7 сол равонаи зиндон карда буд.
Пас аз ҳукм, пайвандон ва вакилони дифои рӯзноманигор ба зинаи касатсионии Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурда буданд.
Акнун маълум нест, ки наздикон ва ваиклони дифои Хуршед Фозилов ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят бурдаанд ё не.
Яке аз наздикони ин рӯзноманигор аз ин тасмим изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, як ҳафта пештар Хуршед Фозилов аз Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд ба зиндон интиқол ёфт.
Мақомот Хуршед Фозиловро барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ айбдор мекунанд. Вале худи Хуршед Фозилов, тавассути вакили дифоаш гуфтааст, ӯро маҷбур карданд, ки бар зидди худаш баёнот диҳад ва ҳеҷ гоҳ бо созмонҳои мамнӯъ дар кишвар ҳамкорӣ надоштааст.
Пештар аз ин Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ин рӯзноманигорро раҳо карда, ба таъқиби хабарнигорон хотима диҳад.
Хуршед Фозилов, ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои кишвар хабару гузориш ва мақолаҳо менавишт, 6-уми марти соли 2023 аз сӯи кормандони шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакант боздошт ва дертар ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд бурда шуд.
Дар як соли охир ин аллакай, панҷумин рӯзноманигори тоҷик аст, ки аз сӯи мақомот боздошт ва бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ дар кишвар ё моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ гумонбар аст.
Аз ин пеш, Далери Имомалӣ, Абудуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, чор рӯзноманигори тоҷик айнан бо ҳамин ҷурм дастгир ва бо ҳукми додгоҳ аз 7 то 10 сол аз озоӣ маҳрум карда шуданд.
Коргар ё корфармо. Аз шуғли ғайрирасмӣ дар кишвар кӣ бештар манфиатдор аст?
Қабр ё қаср? Чаро дар оромгоҳҳои Хуҷанд гӯрҳо фурӯ мераванд?
Боздошти як марди 53-сола бо гумони бо корд захмӣ кардани духтари 8-сола дар Панҷакент
Як соҳибкор ба 10 оилаи эҳтиёҷманди Конибодом хона тақдим кардааст
Милитсияи Душанбе гуфт, фарзандони волидайнеро, ки аз уҳдаи тарбияи онҳо намебароянд, ба муассисаҳои махсус месупорад
Таркиби этникии Осиёи Марказӣ: Кадом халқҳо ва дар кадом кишвар зиндагӣ мекунанд?
“Укроин се сол вақт дошт”. Интиқоди Зеленский, вокуниши Трамп ва натиҷаву вокунишҳо ба музокироти намояндагони Русия ва Амрико
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд ҳаҷми табодули молро байни ду кишвар ба $500 млн расонанд
Дар Думаи давлатӣ пешниҳод карданд, ки муҳоҷирон ба муоинаи тиббии такрорӣ уҳдадор шаванд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Амири Тирмиз ва далқаки нодон”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста