Раиси Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ пешниҳод кардааст. Дар онҳо манъи қабули кӯдаконе, ки ба забони русӣ ҳарф намезананд, ба мактабҳо ва таълими забони русӣ ба кӯдакон аз оилаҳои муҳоҷирон дар марказҳои махсус пешбинӣ шудааст.

"Дар мавриди кӯдаконе, ки дар мактаб таҳсил мекунанд, имрӯз қонун иҷоза намедиҳад, ки кӯдаконро ба мактаб қабул накунанд. Ин маънои онро дорад, ки қонун бояд тағйир дода шавад. Ва дар қонун бояд ду ҳолат вуҷуд дошта бошад - ба мактаб қабул накардани кӯдаконе, ки забони русиро намедонанд ва дар ҳамин қонун бояд таълими забони русӣ ба онҳо дар марказҳои махсус пешбинӣ шуда бошад”, - гуфтааст Фадеев дар нишасти матбуотӣ бахшида ба қонунгузории муҳоҷират, хабар медиҳад “Интерфакс”.

“Тағйироти дахлдор «ба амалӣ гардондани Конститутсия, тарбияи кӯдак ва муътадил таҳсил кардани ӯ дар мактаб имкон медиҳад, - иброз доштааст ӯ. - Қонун бояд тағйир дода шавад ва то ҷое, ки ман огаҳам, Вазорати маориф рӯи он кор мекунад”.

Дар посух ба саволи кай қабул шудани чунин меъёр, ӯ зикр кардааст, ки “вазифа гузошта шавад, ки ин низом то 1 сентябри соли 2024 омода гардад”.

Дар робита ба омӯзиши забони русӣ ба кӯдакони муҳоҷир, Фадеев изҳор намудааст, ки бояд марказҳои махсус таъсис дода шаванд ва ба кӯдакон дар он ҷо бояд забони русиро ҳамчун забони хориҷӣ таълим дода, муаллимони мувофиқ низ бояд бошанд, ки чӣ тавр ба ин гуна кӯдакон забон омӯхтанро донанд.

Ба ақидаи Фадеев, таълим дар чунин марказҳо бояд аз ҳисоби маблағҳои давлат таъмин карда шавад.

“Саволе ба миён меояд - чӣ гуна ва аз кадом ҳисоб бояд омӯзонид? Пешниҳодҳое садо медиҳанд, ки ин марказҳо бояд тиҷоратӣ (пулакӣ) бошанд. Ман ба ин начандон мутмаинам (...). Агар мо муҳоҷиронро даъват кунему чунин шуморем, ки онҳо барои кишвари мо лозиманд, пас шояд ин кӯдаконро лозим меояд, ки аз ҳисоби давлат таълим диҳем. Ин мавқеи ман аст. Ба дӯши муҳоҷирон бор кардани тадбиру хароҷоти иловагӣ начандон одилона аст”, - таъкид доштааст ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.