Аксари роҳҳои маҳаллӣ дар минтақаҳо, махсусан дар вилояти Хатлон ба талабот ҷавобгӯй нестанд. Ҳарчанд ҳамасола аз буҷаи маҳаллӣ барои таъмиру таҷдиди ин роҳҳо маблағҳо ҷудо мегардад, вале тавре таҳлил нишон дод, ин маблағ хеле кам аст. Масалан, дар вилояти Хатлон ҳамасола аз ҳисоби андози воситаҳои нақлиёт ҳудуди 70 млн. сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ мешавад, вале барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллии вилоят  ҳудуди 13 млн сомонӣ ё 11 дарсади он ҷудо мешаваду халос.

Андоз аз воситаҳои нақлиётро киҳо месупоранд ва он ба куҷо бояд сарф шавад?

Тибқи Кодекси нави андози Тоҷикистон, супорандагони андоз аз воситаҳои нақлиёт шахсоне мебошанд, ки соҳиб ва ё истифодабарандаи воситаҳои нақлиёт мебошанд.

Меъёрҳои андоз аз хусусиятҳои воситаҳои нақлиёт вобаста аст. Ин намуди андоз ба андозҳо аз молу мулк дахл дорад ва он то 1-уми апрел ба буҷети маҳаллӣ пардохт карда мешавад.

Тибқи қонун роҳҳои автомобилгарди дорои аҳаммияти маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ - ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таъмин мегарданд. 

Яъне дар асоси ин, маблағи андоз аз воситаҳои нақлиёт аз буҷети маҳаллӣ вобаста ба эҳтиёҷи маҳаллӣ тақсим ва хароҷот карда мешавад. 

Ҳамасола то 2,5 млн сомонӣ. Афзоиши воридоти андоз аз воситаи нақлиёт аз Хатлон

Вале таҳлили оморӣ нишон дод, ки қисми хеле ками ин маблағ барои таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ сарф мешавад. Масалан, ҳамасола шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҳисоби миёна аз ҳисоби воситаҳои нақлиёт аз 2 то 2,5 млн сомонӣ андоз ҷамъоварӣ мешавад, вале танҳо 10-11 дарсади он барои нигоҳдории роҳ сарф мешавад.  

Ба иттилои масъулин, нақшаи андоз аз воситаҳои нақлиёт ҳамасола барзиёд иҷро мешавад ва дар баъзе аз ноҳияҳо он то 150 дарсад ҷамъоварӣ мешавад. Яъне гуфтан мумкин аст, ки соҳибони воситаҳои нақлиёт сари вақт андоз аз воситаҳои нақлиёташонро пардохт мекунанд. 


Ин аст, ки аз соли 2018 то 2023 ҳамасола нақшаи ин намуди андоз  дар вилоят аз 2 то 10 млн сомонӣ зиёд мешавад. 

Масалан, агар дар соли 2018 нақшаи ин намуди андоз дар вилоят 39,9 миллион сомонӣ иҷро шуда бошад, пас он дар соли 2022 ба 65 миллион сомонӣ расидааст. Яъне беш аз 25 млн сомонӣ зиёдтар.

Абдурозиқ Солеҳзода, як масъули Раёсати андози вилояти Хатлон сабаби ҷамъоварии зиёди андозро аз воситаҳои нақлиёт ба афзоиши ҳамасолаи воситаҳои нақлиёт дар вилоят унвон кард. 

Номбурда гуфт, нақшаи андоз аз воситаҳои нақлиёт мувофиқи маълумоти шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилоят таҳрезӣ мешавад. 

Аз соли 2018 то 2022 ин намуди андоз бештар аз ҳама дар шаҳри Бохтар ҷамъоварӣ шудааст. Яъне агар соли 2018 аз ҳисоби ин намуди андоз ба буҷаи шаҳр 8,5 миллион сомонӣ маблағ ворид шуда бошад, пас ин маблағ дар соли 2021 ба 9,5 миллион сомонӣ расидааст. Вале аз соли 2022 ба ин сӯ ҳаҷми андози воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Бохтар кам шуд. 

 

 

Ба гуфтаи Соҳиб Раҷабов, сардори Раёсати андози вилояти Хатлон сабаб ин аст, ки то соли 2022 сокинони ноҳияҳои гирду атрофи шаҳри Бохтар ва дигар навоҳӣ барои ҳуҷҷатгузории воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Бохтар меомаданд ва андоз аз воситаи нақлиётро низ ҳаминҷо пардохт мекарданд. Аз соли 2022 андози супурдаи соҳибони воситаҳои нақлиёт ба буҷаи маҳалли зисташон меравад. 

“Инҷо аслан сокинони ноҳияи Хуросон, Кӯшониён, Ёвон, Вахш, шаҳри Левакант ва дигар шаҳру ноҳияҳо барои ҳуҷҷатгузории воситаҳои нақлиёташон ба шаҳри Бохтар меомаданд. Ин буд, ки дар соли 2022 ҳаҷми андоз аз воситаҳои нақлиёт дар ноҳияи зикргардида зиёд гардид, аммо дар Бохтар кам. Соли 2018 аз ҳисоби ин намуди андоз ба буҷаи ноҳияи Ёвон 3,3 млн сомонӣ маблағ ворид гардида бошад, дар соли 2022 ин рақам 6,5 млн сомонӣ расид. Ҳаҷми маблағи ин намуди андоз дар шаҳри Бохтар дар соли гузашта 3,7 млн сомониро расид, ки ин нисбат ба соли 2018 қариб 5 млн сомонӣ кам шудааст”, - гуфт номбурда.

Соҳиб Раҷабов
Акс аз муаллиф

Ҷамъоварии андоз аз нақлиёт 70 млн сомонӣ, барои таъмири роҳ 13 млн сомонӣ

Мувофиқи омори расмӣ барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ аз 10 то 11 дарсади андозе, ки аз воситаҳои нақлиёт ҷамъоварӣ мегардад, ҷудо мегардад.

Масалан, аз соли 2019 то 2022 дар тамоми вилояти Хатлон барои таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ ҳудуди 6 миллион сомонӣ ҷудо гардидаасту халос. Соли 2023 нақшаи пешбинишуда 12,6 млн сомониро ташкил медиҳад. Дар шаш моҳи соли равон танҳо 3 млн аз худ карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи нақша бояд 6,2 млн аз худ карда мешуд.

То соли 2023 дар буҷаи маҳаллии баъзе шаҳру навоҳӣ барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард маблағ қариб ҷудо намешуд. Танҳо қисме аз шаҳру ноҳияҳо бо қарорҳои худ маблағ ҷудо мекарданд, ки он ночиз буд. 

Агар ба омори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон назар афканем, маълум мешавад, ки соли 2019 ноҳияи Панҷ ва Темурмалик барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ умуман маблағ ҷудо накардаанд. Дар ҳамин сол ноҳияҳои Муъминобод, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун ва шаҳри Левакант барои таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ аз 4 то 20 ҳазор сомонӣ ҷудо кардаанд, ки ин маблағ ҳатто ба кашидани хатҳои уфуқӣ намерасад.

Ҳабибулло Изатуллозода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон мегӯяд, андоз аз воситаҳои нақлиёт чун дигар андозҳо ба буҷаи ворид мешаванд ва дар ягон санади меъёрию ҳуқуқӣ гуфта нашудааст, ки маблағи андоз аз воситаи нақлиёт барои нигоҳдории роҳҳо сарф карда шавад. Аз ин хотир, маблағ ҳамааш ба буҷет ворид мешавад ва мувофиқи нақшаи қисми хароҷот харҷ мешавад. 

Сабаби камтар ҷудо шудани маблағ барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ дотатсиони будани аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят аст. 

 

 

Дар баробари ин, ноҳияи Ёвон, шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб аз 500 ҳазор то бештар аз 2 миллион сомонӣ ҷудо кардаанд. 

Дар ҳамин ҳол, дар соли 2022 ноҳияҳои Шаҳритус, Ҳамадонӣ, Дӯстӣ, Вахш ва шаҳри Норак барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ умуман маблағ ҷудо накардаанд. 

Ба гуфти Ҳабибулло Изатуллозода то соли 2022 маблағҳо бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо мувофиқи имкониятҳояшон ҷудо мешуданд, вале дар нақшаи қисми хароҷоти буҷет пешбинӣ намешуд. Аз соли 2023 дар ҳама шаҳру ноҳияҳо маблағҳои муайян пешбини шудааст. 

Шаҳри Норак дар солҳои 2020 ва 2021 низ барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ маблағ ҷудо накардааст. Дар соли 2023 дар буҷаи шаҳр 200 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст ва то 1 июли соли равон ҳамагӣ 33 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст.

Ҳабибулло Изатуллозода
Акс аз муаллиф

Ҳабибулло Изатуллозода гуфт, ки  солҳои қаблӣ бархе аз шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби иҷрои барзиёдии нақшаи даромад бо қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо барои таъмиру таҷдиди роҳҳо маблағ ҷудо мекарданд, вале он кифоя набуд.

Дар буҷаи соли 2023 шаҳру ноҳияҳо барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ аз 100 ҳазор то 1 миллиону 850 ҳазор сомонӣ пешбинӣ кардаанд. Яъне дар қисми хароҷоти буҷет ин маблағҳо шинонда шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар вилоят бо дарназардошти маблағҳои бо қарорҳо ҷудошуда 13 миллиону 470 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 

Ӯ илова кард, ки маблағҳо дар қисми хароҷоти буҷет шинонда шудааст. Он шаҳру ноҳияҳое маблағ ҷудо накардаанд аз худи муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо вобаста аст.

Тайи 4,5 соли охир, ҳаҷми андоз аз воситаҳои нақлиёт ҳудуди 80 дарсад афзоиш ёфтааст. Агар соли 2019 дар маҷмӯъ 5 млн 306,4 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2022 ин 6 млн 877 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки қариб 1 млн сомонӣ фарқият мекунад. 

 

 

Таҳлили омор нишон медиҳанд, ки аз ҳаҷми умумии маблағҳое, ки барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ пешбинӣ мешавад, 10 - 11 дарсади он ба андоз аз воситаҳои нақлиёт рост меояд.

Ҳамасола дар  вилояти Хатлон аз ҳисоби воситаҳои нақлиёт аз 50 то наздики 70 миллион сомонӣ андоз ҷамъоварӣ ва ба буҷети маҳаллӣ пардохт мешавад. Вале барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ аз соли 2019 то соли 2023 аз 5 то 7 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки ин 10 дарсади маблағи ҷамъшударо ташкил медиҳад.

Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард: Маблағҳо ба таъмири ҷорӣ намерасад

Музаффар Холиқов, сармуҳандиси Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, маблағҳое, ки то имрӯз ба зерсохторҳои онҳо барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ ҷудо шудааст ба ҳисоби миёна, барои як км 60 сомонӣ рост меояд, ки ин нокифоя мебошад.

“Ин маблағ ҳатто ба таъмири ҷорӣ намераасад, чӣ расад ба таъмири асосӣ”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Ҳабибулло Изатуллозода дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ дар буҷаи ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят 12 млн 63 ҷудо гардид, ки нисбати соли 2022-юм 9 миллиону 626,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. То 1-уми июни соли равон 3,9 млн сомонии он хароҷот шудааст. 

“Ҳамчунин, чанд шаҳру ноҳия бо қарорҳои маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ дар маҷмӯъ 563 ҳазору 857 сомонӣ иловатан ҷудо кардаанд. Ин дар ҳоле, ки дар соли 2022 бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо 3,5 млн сомонӣ барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ ҷудо шуда буд”, - гуфт сардори Сарраёсати молияи вилоят.

Гуфта мешавад, ки сабаби кам ҷудо шудани маблағ дархост накардани идораҳои роҳдорист. Маблағ дар қисми хароҷоти буҷет шинонда шудаанд. Агар идораҳои роҳдорӣ дархост кунанд, маблағ ҷудо мешавад.


“Қарори ҳукумат бозбинӣ шавад”

Коршиносон мегӯянд, ҷудо нашудани маблағи муайян барои нигоҳдории роҳҳо аз буҷаҳои маҳаллӣ боис мешавад, ки роҳҳо таъмиру таҷдид нашаванд. Онҳо мегӯянд, дар ин самт Вазорати нақлиёт бояд чораандешӣ кунад ва қарори махсусро дар робита ба нигоҳдории роҳҳо бозбинӣ намояд. 

Як иқтисодшиносе, ки бо соҳаи молияи вилояти Хатлон хуб ошно аст, дар суҳбат бо мо бидуни зирки номаш гуфт, роҳи ҳал бозбинӣ кардани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳисоботи Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолати нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва беҳтар намудани фаъолияти вазорат дар ин самт” таҳти №639, ки соли 2009 қабул шудааст, мебошад. 


Дар банди 4-и қарори мазкур гуфта мешавад, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ ҷиҳати истифодаи мақсадноки техника ва механизмҳои роҳсозӣ, беҳдошти ҳолати роҳҳои автомобилгарди маҳаллии истифодаи умум ва сари вақт ба андозаи муайян ҷудо намудани маблағҳо барои таъмир ва нигоҳдории онҳо тадбирҳои иловагӣ андешида, бо ин мақсад дар буҷети маҳаллӣ моддаи алоҳидаро пешбинӣ намоянд”.

Ин коршинос мегӯяд, бигзор дар қарори мазкур ё қарори алоҳида мушаххасан зикр карда шавад, ки аз ҳисоби маблағҳое, ки аз ҳисоби андоз аз воситаҳои нақлиёт ба буҷети маҳаллӣ ворид мегардад, қисми муайяни маблағ  барои таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ ҷудо карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.