Аз 14 то 17-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе 16-умин форуми байналмилалии муколамаи забон ва фарҳанги кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар асри ХХI баргузор мегардад. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, ин форум таҳти номи “Ташаккули фазои инноватсионии башардӯстона дар ИДМ ва нақши забони русӣ дар шароити бисёрзабонӣ ва бисёрфарҳангӣ” дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав баргузор мешавад.
“Форуми байналмилалӣ дар доираи чорабиниҳое, ки ба рушди муколамаи байнифарҳангӣ, фазои ягонаи таълимӣ ва ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи маориф нигаронида шудаанд, баргузор мешавад”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Таъкид гардид, ки дар форуми мазкур ширкати олимону устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия, Молдова ва Озарбойҷон дар назар аст.
Ҳамчунин, дар идомаи ҳамин форум рӯзҳои 27-29-уми ноябр дар Мински Белорусия конгресси сеюми байналмилалии “Сиёсати забонии кишварҳои ИДМ” баргузор мешавад.
Дар ин конгресс ҳам ширкати олимону устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон дар назар аст.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста