Моҳи декабр чун анъана чорабинии бошукӯҳ - маросими тақдими ҷоизаи “Tarona Music Award”-и Радиои “Азия-Плюс” баргузор мешавад.

Дар ин маросим на танҳо устодони шинохтаи эстрадаи тоҷик, балки овозхонҳои ҷавони кишвар низ ширкат хоҳанд кард.

Соли гузашта дар ин маросим Зулайҳо Маҳмадшоева, Мадина Ақназарова, Нигина Амонқулова, Ҷонибек Муродов, Мубориз Усмонов, Ёсамин Давлатова, гурӯҳи “Авесто” ва дигарон ҳунарнамоӣ карданд.

Имсол меҳмонони “Tarona Music Award”-ро намоиши ҷолибтар интизор аст.

“Tarona Music Award” идомаи ҷоизаи мусиқии “Суруди сол” аст, ки тавассути радиои “Азия-Плюс” ба ифтихори 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дубора эҳё шуд.

“Суруди сол” бори аввал моҳи майи соли 2003 дар толори консертии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе аз ҷониби “Азия-Плюс” баргузор гардида буд.

Сафармуҳаммади Рустам

Маврид ба зикр аст, ки “Суруди сол”-ро баъдан худи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дастгирӣ кард. Ӯ шахсан ба ин маросим ҳамроҳ бо аъзои ҳукумат ва раҳбарияти порлумон омада, ҳатто дар саҳна бо овозхони маъруф Сироҷиддин Фозилов таронаи “Гӯшаи бом”-ро иҷро кард.

Пас аз ин раисҷумҳури кишвар дар ҳамон толор эълон кард, ки аз ин ба баъд 23 май (рӯзи баргузории маросим) дар Тоҷикистон ҳамчун “Рӯзи ҷавонон” таҷлил мешавад.

Аз он замон то кунун маросими супурдани ҷоизаи мусиқии “Азия-Плюс” пайваста яке аз рӯйдодҳои ҷолибтарин дар ҳаёти мусиқии Тоҷикистон эътироф мешавад.

Оид ба маросими ҷоизаи имсола тафсилоти бештар каме дертар эълон хоҳад шуд. Хабарҳоро пайгирӣ кунед!

Биёед ба ёд орем, ки “Tarona Music Award” дар соли 2022 чӣ гуна баргузор шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.