Омӯзгорони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, ки аз хобгоҳ берун карда шуда буданд, дубора ба хобгоҳ баргаштанд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, гурӯҳи корие, ки аз ҳисоби масъулини вазорат ташкил шуда ва ба ноҳияи Рашт барои таҳқиқи масъала сафарбар гардида буданд, бо омӯзгорон ва роҳбарияти донишкада мавзӯи аз хобгоҳ пеш кардани омӯзгоронро баррасӣ кардаанд.

“Дар ошёнаи дуюми бинои чорошёнаи хобгоҳи донишҷӯён 8 ҳуҷра барои омӯзгорони ҷавон пешбинӣ шуда, 3 нафар (на ин ки 23 нафар) омӯзгори ҷавон: Худойназаров Шаҳбоз Довудович, Сурхаков Муслиҳиддин Абдулҳамидович ва Шарипов Ҳакимҷон Балаҷонович дар онҳо зиндагӣ мекарданд, ки санаи 29.11.2023 бо сабабҳои гуногун аз хобгоҳ берун карда шудаанд”, - омадааст дар вокуниши вазорат.

Манбаъ меафзояд, “омӯзгорон, ки то ҳол дар донишкада фаъолият доранд, ба ҳуҷраҳои истиқоматии худ дар хобгоҳ баргардонида шуданд”.

Аммо дар хусолаи гурӯҳи кории вазорат сабаби аз хобгоҳ баровардани омӯзгорон зикр намегардад. Танҳо гуфта мешавад, ба роҳбарияти донишкада супориш дода шуд, ки минбаъд ҷиҳати дастгирии омӯзгорони ҷавон, таъмини онҳо ба ҷойи зист ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо чораандешӣ намоянд.

Хобгоҳи муаллимон
Акс аз хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илм

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯзи охир, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари аз хобгоҳи Донишкадаи омӯзгории Рашт пеш кардани 23 омӯзгор аз сӯи масъулини ин донишкада, ки ҳафтаномаи “Пайк”расонаӣ кард, баҳсбарангез буд.

Ин нашрия бо такя ба гуфтаи ҷабрдидагон навишт, ки ректор “дарҳои ҳуҷраҳои хоби устодонро дар хобгоҳи муаллимон шикаста, бо зердастонаш ҷиҳози онҳоро ба берун бароварда партофтанд”.

Баъдан, маълум шуд, ки онҳоро на аз хобгоҳи муаллимон, балки аз хобгоҳи донишҷӯён пеш кардаанд.

Хобгоҳи донишҷӯён
Акс аз хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илм

Рӯзи 1-уми декабр Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки барои таҳқиқи қазия аллакай гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, “ин ҳайат субҳи имрӯз (1-укми декабр дар назар аст, муаллиф) ба ноҳияи Рашт сафарбар шуданд. Қазияи мазкур пайгирӣ ва ҷузъиёти он ошкор ва расонаӣ мешавад”.

Он замон Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ва  дар як тамоси телефонӣ бо рӯзноманигори мо гуфт, “ман дар маҷлис ҳастам” ва тамосро қатъ кард. Муовини раис Бахтиёр Муродзода ҳам ба зангҳои паёпайи мо посух надод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.