Мушкили хушунат дар оила, оқибатҳои он ва ҷустуҷӯйи роҳи ҳал яке аз масъалаҳои мубрам буда, на танҳо дар маъракаи “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат”, балки ҳамеша дар доғ боқӣ аст.
Ҳеҷ дин хушунатро нисбати касе, аз ҷумла зан қабул надорад. Сарчашмаи ҳамаи динҳо як аст: ақидаи солим, тарбияи нек, одобу ахлоқи ҳамида ва ислоҳи мардум.
Вале омор ва мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки ин гуна ҳолатҳо сол то сол тамоюли зиёдшавӣ дорад. Савол ин аст: Пас чаро ин ҳолат ба вуҷуд меояд? Оё то куҷо ин масъала метавонад мазҳабӣ бошад ва таълимоти динҳо барои пешгирии ин ҳолат чӣ аст?
Посухи ин саволҳоро аз намояндагони чанде аз дину мазҳабҳо пурсон шудем.
Ҷазои зӯроварро Худо ва қонун медиҳад
Роҳиби христиании калисои “Филаделфия” Мая Мадаминова мегӯяд, дар ҳолати ошкор шудани хушунат нисбати зан, мард ва ё нисбати кӯдакон дар мо қонуни алоҳидае барои ҷазо додани онҳо нест, аммо касе ба ин амалҳо даст мезанад, алабатта, ҷазояшро аз ҷониби Худо мебинад.
“Барои он ки ин амалҳо гуноҳ аст ва аз тарафи Худо шахсони зӯровар ҳатман ҷазояшонро мегиранд. Дар калисои христиании “Филаделфия” барои ба муросо овардани зӯровару ҷабрдида, роҳибро истифода намекунанд. Яъне, дар таҷрибаи мо ин хел набуд то имрӯз”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ афзуд, “зиндагии ҳар оила, новобаста аз дину миллату нажодашон, бе хушунату зӯроварӣ зебо аст. Бояд дар ҳама ҷо ҳамдигарфӣ бошад, одамон бе ҷой доштани зӯроварӣ зиндагӣ кунанд. Аммо агар мард нисбати зани худ зӯроварӣ кунад, азобу озор диҳад, беҳтар аст, ки зӯроварро тарк кунад”.
Баптисҳо ба зӯровар муҳлат медиҳанд
Равшан Саломатшоев, намояндаи калисои Исои Масеҳои Баптисҳо “Любов Христа” гуфт, мо ҳам хушунатро нисбати касеву чизе қабул намекунем.
“Дар оила бояд зану мард ҳамдигарро дӯст доранд ва дар ҳолатҳои мушкил дастгирӣ кунанд. Мард ҳамсарашро латукӯб накунад, хушунатро дар оилаи худ ва муҳити худ ҷой надиҳанд. Дар мо ҳамин хел қонун аст, ки “чи хеле ки мехоҳӣ, ки бо ту рафтор кунанд, ту худат бо дигарҳо ҳамон гуна бош””, - иброз дошт номбурда.
Ӯ дар идома гуфт, “агар ту нисбати касе зӯроварӣ кардӣ, рӯзе мешавад, ин амалат ба худат бармегардад. Аз ин хотир бояд ҳамдигарро дӯст дошт ва ба ҳамдигар кӯмак кард. Шахси зӯровар зери назорат қарор мегирад. Ба вай мӯҳлат дода мешавад, ки ислоҳ шавад. Зеро ин амалу рафтор гуноҳи бузург аст”.
Баҳоӣ мухолифи хушунат аст
Дилором Раҳимова, намояндаи таълимоти Баҳоӣ иброз дошт, ки таълимоти Баҳоӣ хушунатро комилан маҳкум мекунад, зеро зану шавҳар дар шароити ваҳдат, ҳамфикрӣ, пайванди дӯстона доштан аз ҷиҳати рӯҳонию ҷисмонӣ бояд умр ба сар баранд. Дар оилае, ки якдигарфаҳмӣ ҳаст, корҳои пешомада ба зудию осонӣ анҷом дода мешаванд.
“Зараре, ки аз баҳсу мунозира ба оила мерасад пеш аз ҳама файзу баракат дар оила кам мешавад. Вақте шахси аз ҷиҳати ҷисмонӣ шахси нисбатан заифро барои таҳмил кардани иродаи худ ва иҷроиши майлу хоҳишҳои худ маҷбур месозад, ин амалҳо ба таври ошкоро мухолифи таълимоти Баҳоӣ мебошад. Барои чунин афроди зӯровар, ки бо таҳдиду фишор дигареро ба кори дилхоҳи худ маҷбур кунад, ҳеҷ узре вуҷуд надорад”, - гуфт Раҳимова.
Дин дар хидмати инсоният аст
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода, сархатиби вилояти Суғд дар мавриди хушунат гуфт, агар мо ба таълимоти ҳамаи динҳо, хусусан ба дини Ислом назар кунем, инсонро азизу мукаррам медонанд.
“Дар назди Худо ҳама баробар ҳастанд. Инсон дар кадом дин аст, дар кадом мазҳаб аст, дар куҷо зиндагонӣ мекунад, аз кадом миллат аст, ҳама бандаи Худо ҳастанд. Дин дар хидмати инсоният аст, инсониятро ба роҳи нек ҳидоят мекунад”, - гуфт диншинос.
Номбурда афзуд, аз нигоҳи ҳамаи динҳо оила муқаддас аст. Ҳуқуқи зану шавҳар муайян шудааст, ҳатто дар қонунҳои кишвар, аз ҷумла қонун ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, қонуни ҶТ “Дар бораи Оила” ва ғайра.
Дар динҳо ҳам, дар қонун ҳам ҳуқуқҳои зану шавҳарро муайян кардааст ва ҳар кас бояд ҳаққи худро донад, дар оила хушунат бояд вуҷуд надошта бошад.
“Маънои хушунат-тундхӯӣ аст. Имрӯз ба Шӯрои уламои дини вилоят ҳам баъзе муроҷиатҳо мешавад, ки дар оила нофаҳмӣ ва хушунат ҷой дорад. Решаи асосии хушунат ситезакорӣ аст. Вақтҳои охир аз руйи муроҷиатҳо бармеяд, ки тундхӯӣ миёни келину хушдоман зиёд аст. Хушунат танҳо ба занҳо не, ба мардҳо ҳам назаррас аст”, - гуфт Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода.
Дар робита ба пешгирии хушунат ин рӯҳонӣ мегӯяд, аввало дар оиладорӣ падар - модар худ намунаи ибрат бошанд. Чунки фарзанде, ки дар муҳити оилаи хушунатбор тарбия меёбад ҳамон гуна оиларо месозад.
Ҳамчунин, ба қавли Мусозода, ходимони дин аз минбари масҷид ва тариқи телевизион ва радио ба мардум фаҳмонем. Худи волидайн ҳам пеш аз оиладор кардани фарзандон муқаддас будани оила, ғанимат будани ҳар лаҳзаи умр ва кори шайтонӣ будани қаҳру ғазабро фаҳмонанд, яқинан хушунат пешгирӣ ва кам мешавад.
Ҷомеашинос:Решаҳои хушунатро байни гурӯҳҳои алоҳида бояд омӯхт
Ба андешаи ҷомеашинос Нуруллохон Ғиёсов пеш аз сабабҳои хушунатро омӯхтан ва роҳҳои пешгирии онро нишон додан, бояд худи мафҳумро дуруст шарҳ дод. Хушунат-дуруштиро ифода мекунад ва аз лиҳози динӣ-дунявӣ мусаллам аст касе тарафдор нест. Аммо бетарафӣ ҳам хуб нест. Мавзӯи хушунатро аз дигар паҳлӯҳо бояд омӯхт, ки дар ҷомеа дар кадом шаклҳо зоҳир шуд, дар кадом табақаи ҷомеа бештар вуҷуд дорад ва бо кадом роҳҳо таъсир расонида мешавад.
Решаҳои хушунатро дар гурӯҳҳои алоҳида, аз ҷумла оилаҳои нашъамандон, майзадагон, собиқ маҳбусиён ва оилаҳои носолим, бояд тариқи пурсиш (анкета) омӯхт ва дар сатҳи ҳукумат масъаларо ҳал кард.
Албатта масъалаи хушунат ба дин ҳам алоқамандии зич дорад. Зеро шахси дорои дониши динии дуруст ва маърифати баланд хушунатро дар оилааш ба миён намеорад, худашро дуруст идора карда метавонад.
Хушунат ин ҷаҳолат аст, ҷаҳолат аз нодонӣ ва надоштани таҳаммулпазирӣ сарчашма мегирад. Инсон новобаста аз пайравӣ ба ин ё он дин бояд масъулияти худро донад ва худро идора карда тавонад, он гоҳ хушунат кам мешавад.
Гоҳо насиҳат мекунем, гоҳо маслиҳат медиҳем
Сабоҳат Бобоҷонова, муовини Маркази занони “Гулрухсор” дар шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ мегӯяд, ба маркази онҳо баъзе арӯсони ҳамагӣ 10-15 рӯза, ки ба қавле “бачилла” ҳастанд муроҷиат мекунанд, ки аз ҷониби шавҳар ё хушдоман хушунат дидаанд.
“Албатта то маркази мазкур омадан фаъолони маҳалла, имомхатибони масҷидҳо ва дигар шахсони масъул барои пош нахӯрдани оила аз насиҳат кардан то чораандешии қонуниро мебинанд. Вале боз ҳам хушунату бадбинӣ дар оила аз байн намеравам”, - мегӯяд Бобоҷонова.
Ӯ мегӯяд, кормандони марказ ба муроҷиаткардагон гоҳо маслиҳат медиҳанд, гоҳо онҳоро насиҳат мекунанд ва дар умум, кӯшиш мекунанд, ки кӯмаке намоянд ва оилаеро аз парокандагӣ нигоҳ дошта, хушунатро дар он кам кунанд.
Ба ин марказ танҳо давоми 11 моҳи соли 2023 беш аз 2 ҳазор нафар бо муаммоҳои гуногун муроҷиат карданд, ки шумораи умумии онро гирифторшавӣ ба хушунати оилавӣ ташкил медиҳад. Вақте ба маркази мо меоянд нисбат ба дигар аҳли оила хусури хонадон бештар роҳи муросоро меҷӯянд, муросокор ҳастанд.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста