Агар қаблан шахсони дорои душаҳрвандӣ ҳам бо шиносномаи хориҷии Русия ва ҳам бо шиносномаи хориҷии Тоҷикистон имкон доштанд, ки аз Русия парвоз кунанд, акнун онҳо метавонанд танҳо бо истифода аз шиносномаи хориҷии Русия билет дастрас намоянд. Биёед мефаҳмонем, ки чӣ шуд.
Ман душаҳрвандӣ дорам ва намефаҳмам, ки қоидаҳои кадом тарафро бояд риоя кунам?
Мувофиқи қонунгузорӣ, агар шаҳрвандии Русия (ва дигар, масалан, Тоҷикистон) дошта бошед, пас бо иқомати доимӣ дар Русия шумо, пеш аз ҳама, шаҳрванди Русия ҳисобида мешавед.
Аммо агар шумо дар қаламрави Тоҷикистон қарор дошта бошеду ба таври доимӣ дар он ҷо иқомат дошта бошед, дар навбати аввал шаҳрванди Тоҷикистон ҳисобида мешавед.
Пас ҳангоми парвоз аз Русия чӣ гуна шиноснома бояд гирам?
Шаҳрванди Русия (дар Русия қарор дошта, шаҳрвандии Русия доред ва маҳз шаҳрванди ҳамин кишвар дониста мешавед) ҳангоми парвоз аз кишвар бояд шиносномаи русиягии худро нишон диҳад.
Қаблан ман бе ягон душворӣ бо шиносномаи Русия аз он ҷо парвоз мекардам!
Воқеан, хадамоти сарҳадӣ қаблан ба ин аҳаммият намедоданд. Акнун вазъият тағйир ёфт. Интернет пур аз матолибе аст, ки чӣ гуна ин ё он шаҳрванди Тоҷикистонро ба парвоз иҷозат надоданд, зеро билет бо шиносномаи Тоҷикистон дода шудааст, на Русия.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки агар шахсони дорои душаҳрвандӣ аз марзи Русия бо истифода аз шиносномаи хориҷии Тоҷикистон гузаштанӣ шаванд, ин нақзи қонун арзёбӣ хоҳад шуд.
Ё масалан, Раёсати муҳоҷират дар ин бора ҳушдор дода, гирифтани шиносномаи хориҷии Русияро тавсия медиҳад.
Маълум аст, ки ман бо шиносномаи хориҷии Тоҷикистон аз Русия хориҷ шуда наметавонам. Ворид шудан чӣ?
Бо шиносномаи Тоҷикистон ҳам ворид шудан имкон надорад. Дар шарҳу тавзеҳи сафорати Русия дар Тоҷикистон мустақиман гуфта мешавад, ки шиносномаи хориҷии Русия дар ҳама гузаргоҳҳои марзӣ - ҳам барои вуруд ва ҳам барои хуруҷ бояд пешниҳод карда шавад.
Акнун чӣ кор карда метавонам?
Акнун шумо бояд ё аз парвоз худдорӣ кунед ва ё шиносномаи хориҷии Русия гиред.
Ман дар Тоҷикистон ҳастам ва мехоҳам ба Русия равам. Шиносномаи хориҷии Русия надорам. Оё онро пешакӣ бояд гирам?
Бале, барои ворид шудан ба Русия шумо бояд шиносномаи хориҷии Русияро гиред. Онро аз шӯъбаи консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон дастрас кардан мумкин аст. Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, ки машваратҳо оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ танҳо шахсан сурат мегиранд ва ин бо ваколатнома ғайриимкон аст.
Ман аллакай дар Русия ҳастам ва мехоҳам аз ин ҷо равам. Шиносномаи хориҷии Русия надорам. Чӣ тавр онро гирифтан мумкин аст?
Гирифтани он душвор нест: барои пур кардани пурсишнома (анкета)-и иборат аз се саҳифа тақрибан 10 дақиқа вақт лозим аст. Ду роҳи гирифтани шиносномаи хориҷӣ вуҷуд дорад: оффлайн тавассути Маркази бисёрсоҳавӣ (МФЦ) ва онлайн тавассути Гоуслуги (Хадамоти давлатӣ).
Ман мехоҳам, ки оффлайн тариқи Маркази бисёрсоҳавӣ гирам. Чӣ кор кунам?
Тартибот тариқи зайл аст: ба Марказ бояд бо бастаи ҳуҷҷатҳои аллакай тайёр ва суратҳо омадан зарур аст. Сипас дар терминал боҷи давлатиро пардохт намуда, акнун аз ҳама душвораш ариза барои шиносномаи хориҷӣ - се саҳифа дар ду нусхаро бо даст навиштан лозим аст. Варақаҳои аризаро дар ҳамин ҷо, дар Марказ дарёфт кардан мумкин аст. Ё онро метавон боргирӣ (скачать) намуд ва пешакӣ пур кард.
Агар дар ин кор мушкилӣ пеш ояд, аризаро ба ҷойи шумо пур мекунанд, ин ҳудуди 1000 рубл нарх дорад.
Шиносномаи хориҷиро ҳам дар ҳамин ҷо гирифтан мумкин аст. Муҳлаташ аз ҷойи қайд ва пешниҳод вобаста аст, муҳлати ҳадди ниҳоӣ - се моҳ. Вақте ки он тайёр мешавад, ба шумо паёмак (смс) мефиристанд ё занг мезананд.
Ман онлайн ба воситаи Госуслуги шиносномаи хориҷӣ гирифтан мехоҳам. Чӣ кор кунам?
Дар Госуслуги ҳам ариза додан барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ мумкин аст (бо шарте, ки шумо дар он ҷо аккаунт дошта бошед). Ин тарз дар муқоиса бо рафтан ба Маркази бисёрсоҳавӣ қулайтар аст, зеро аризаро шумо метавонед дар ҳама гуна вақти бароятон бароҳат аз хонаатон фиристед.
Пас аз санҷиши пурсишнома (анкета) шуморо ба шуъбаи ВКД даъват мекунанд, то ки нусхаи аслии ҳуҷҷатҳоро санҷида, суратҳоро гиранд. Шиносномаи хориҷии тайёрро низ аз ВКД гирифтан имкон дорад.
Кадом ҳуҷҷатҳо талаб карда мешаванд?
- Аризаи пуршуда (метавон дар ҳамон ҷо - Маркази бисёрсоҳавӣ ё тариқи онлайн дар Госуслуги пур кард);
- Шиносномаи дохилии Русия;
- Сурати ранга ё сафеду сиёҳи андозаи 35х45 мм (барои шиносномаи намунаи кӯҳна, барои шиносномаи нав суратҳо овардан лозим нест - дар ҳамон ҷо сурат мегиранд);
- Дар сурати зарурат - шаҳодатнома лар бораи ивази фамилия (ном, номи падар).
Агар барои ноболиғ шиноснома гирифта шавад, пас боз шаҳодатнома дар бораи таваллуд ҳам лозим аст.
Шиносномаи хориҷӣ кай тайёр мешавад?
Муҳлати миёнаи интизорӣ - се ҳафта бо шарте, ки шумо ҳамаи корҳоро дар ҷойи қайд анҷом медиҳед ва дар ариза ҳамааш дуруст пур карда шудааст. Агар шиносномаи хориҷиро дар шаҳре гирифтанӣ бошед, ки дар он ҷо қайди доимӣ надоред, муҳлат се моҳ дароз шуда метавонад.
Ҳамаи ин корҳо чанд пул мешавад?
Агар шумо шиносномаи хориҷии намунаи нав гирифтанӣ бошед - 5 000 рубл. Агар намунаи кӯҳна – 2 000 рубл. Фарқияти асосӣ байни онҳо дар муҳлати амалашон аст: шиносномаи намунаи нав - 10 сол ва намунаи кӯҳна - 5 сол.