Рӯзи 28 январ дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми орётабор - Сада таҷлил гардид.
Тавре ки Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар доираи ҷашн ҳамчунин намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироатҳои кишоварзӣ" доир гардид. Дар намоишгоҳ ҳамаи дастранҷи марди деҳқон, ҳамагуна олотҳои кории кишоварзӣ, кӯчати гулу-гулбуттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ, ниҳолҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Гуфта мешавад, дар ҳар гӯшаи боғ чорабиниҳои фарҳангӣ, рақсу бозӣ, гулханафрӯзиву таронахонӣ ба намоиш гузошта шуда буд, ки ба ҷашнвора ҳусну таровати тоза зам менамуд.
Ёдрас мекунем, ки бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2017 ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова қабул намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30 январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада таҷлил мегардад. Дар ҷашни Сада рӯзи истироҳат муқаррар нашудааст.
Сада ҷашни қадимию суннатии мардуми тоҷик ба шумор рафта, аз гузаштагонамон мерос мондааст. Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Қаюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд мебошад. Ба ақидаи олимон, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.
Ҷашни Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, 10-уми баҳманмоҳ (30 январ) ҷашн гирифта мешавад.
Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3-ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд.