Дар Душанбе ба муносибати ҷашни рӯзи 23 феврал гузашти низомӣ баргузор намешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар ҳамин ҳол, дар Вазорат зикр карданд, ки дар ин рӯз баргузории як қатор чорабиниҳо бо иштироки сарбозону афсарон ба нақша гирифта шуда, аллакай ҳозир дар пойтахт чорабиниҳо бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷараён доранд.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, аз ҷумла бо супориши раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ таҳти унвони "Барои миллату давлатам содиқона хизмат мекунам" чорумин Фестивали афсарону сарбозон доир мегардад.
Маросими ифтитоҳи Фестивал дар қисми низомии 3502 Қӯшунҳои дохилии ВКД Тоҷикистон доир гардида, он то 23 феврал идома меёбад ва дар ҳамаи қисмҳои низомии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар Фестивал зиёда аз 2 ҳазор сарбозону афсарон, инчунин ҷавонони синнусоли даъват ва то даъват ба артиш иштирок мекунанд.
“Ҳадафи аслии Фестивал истифодаи пурсамари зерсохтори соҳаи варзиш, ҷалби афсарон, сарбозону ҷавонон ба варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва баланд бардошитан рӯҳияи маънавӣ аст”, - гуфтанд дар шаҳрдорӣ.
Барномаи Фестивал аз бозиши футболи хурд (минифутбол), волейбол, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва варзиши сабук иборат буда, мусобиқаҳо дар ду марҳила мегузаранд: аввал дар дохили қисмҳои ҳарбӣ ва сипас - дар сатҳи ҷумҳуриявӣ.
Дар марҳилаи хотимавии фестивал рӯзи 23 феврал дар кохи “Суруш” маросими пӯшидашавӣ ва тақдими мукофот ба ғолибону ҷоизадорон барпо мешавад.
Дар доираи Фестивал дар толори “Хонаи афсарон” ҳамчунин конфронси илмиву амалӣ ва назариявӣ дар мавзӯи “Кори ҳарбӣ” доир мегардад.
Шурӯъ аз соли 1993 рӯзи 23 феврал дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таҷлил мегардад. Айни замон артиши Тоҷикистон аз Неруҳои ҳарбии ҳавоӣ, мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қувваҳои хушкигард ва зудамал иборат аст.