Дар радабандӣ (рейтинг)-и Mobile Data Affordability Index, ки дар он дастрасӣ ба интернети мобилӣ бо назардошти музди меҳнати миёна арзёбӣ мешавад, байни 179 кишвар Тоҷикистон зинаи 163-умро ишғол кард.
Барои муайян кардани радабандии дастрасӣ ба маълумоти мобилӣ муаллифон арзиши миёнаи нақшаи тарифҳои моҳонаи телефони мобилиро бо ҳаҷми маълумоти зиёда аз 10 ГБ бо музди меҳнати миёна муқоиса кардаанд.
Бино ба маълумоти радабандӣ, арзиши маълумоти мобилии чунин тариф дар Тоҷикистон 13.77 доллар ва маоши миёна - 170 долларро ташкил медиҳад. Ба ин тариқ, сокинон барои харидани тариф бо 10 ГБ интернет 8%-маошашонро харҷ мекунанд.
Байни кишварҳои ИДМ аз лиҳози дастрасӣ ба интернети мобилӣ Русия зинаи 26-ум, Ӯзбекистон - 43, Арманистон - 55, Беларус - 61, Қазоқистон - 63, Қирғизистон - 90 ва Озарбойҷон - мақоми 114-умро ишғол мекунанд.
Афғонистони ҳамсоя аз рӯи дастрасӣ ба интернети мобилӣ ду зина аз Тоҷикистон боло - дар мақоми 161-ум қарор дорад.
Мувофиқи радабандӣ, нархи миёнаи нақшаи тарифӣ барои телефони мобилӣ бо ҳаҷми маълумоти зиёда аз 10 ГБ дар ҷаҳон 24,20 долларро ташкил дода, барои харидани он одамон 4,1% аз маоши худро сарф мекунанд. Ба интернети ноқилӣ ё суръаташ баланд қариб 3,8% аз маош масраф мешавад.
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи радабандии Worldwide mobile data pricing рӯи арзиши интернет тибқи маълумоти моҳи августи соли 2023, Тоҷикистон байни 237 кишвар мақоми 142-юмро ишғол мекунад. Охири соли 2022 кишвари мо байни 203 давлат дар зинаи 103-юм қарор дошт.
Таҳиягарони радабандӣ нархи миёнаро барои 1 гигабайти интернет дар Тоҷикистон бо нархи 1.65 доллар (нархи пасттарин - 0,17 сент ва баландтарин - 13,64 доллар) ҳисоб кардаанд.

Байни кишварҳои ИДМ дар радабандии арзиши интернет Қирғизистон зинаи 8-ум (нархи миёнаи 1 гигабайт – $0.17), Русия - 15-ум ($0.25), Ӯзбекистон - 22-юм ($0.30), Қазоқистон - 35-ум ($0.41), Беларус - 66-ум ($0.67), Арманистон - 88-ум ($0.98) ва Озарбойҷон мақоми 146-ум ($1.76)-ро ишғол мекунанд.
Дар радабандӣ (рейтинг)-и навшудаи Speedtest Global Index аз рӯи суръати интернети мобилӣ тибқи маълумоти моҳи феврали соли 2024, Тоҷикистон ҳоло ҳам аз охири рӯйхат зинаи 5-умро ишғол мекунад: ҷойи 139-ум байни 143 кишвари ҷаҳон. Аз лиҳози интернети ноқилӣ бошад, мақоми 131-ум байни 181 давлати саросари дунё.

Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста