Дар кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе аз 2 то 6 июл ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Дар кӯчаҳои Мастонгулов (фурудгоҳ),  А.Дониш, С.Айнӣ (Садбарг), хиёбони А.Рӯдакӣ то кӯчаи Карамов, хиёбони Сомонӣ то назди беморхонаи «Шифобахш», кӯчаҳои Ш.Шоҳтемур ва Шероз маҳдудияти муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда мешаванд.

Тавре ки аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд, роҳҳо бинобар сабаби ташрифи меҳмонони баландпоя баста мешаванд.

Аз ин лиҳоз, аз ронандагон хоҳиш карда шудааст, ки дар ин рӯзҳо аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.

Инчунин аз сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ дархост шудааст, ки безарурият бо воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид нашаванд.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз, 2 июл, сафари дурӯзаи сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ба Тоҷикистон оғоз мешавад. Ин якумин сафари хориҷии ӯ пас аз интихобаш ба мансаби сарвазирии ин кишвар аст.

Ғайр аз ин аз 4 то 6 июл раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар доираи сафар мулоқоти дуҷониба дар шакли маҳдуд ва васеъ, инчунин иштироки Си Ҷинпин дар дигар чорабиниҳои расмӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, иштироки Си Ҷинпин дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон дар назар аст. Айни замон корҳои ободонии гирду атрофи ин биноҳо дар арафаи анҷомёбӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.