Дар бозории марказии ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) кормандони милитсия сокини шаҳраки Дӯстии ҳамин ноҳияро боздошт намуданд, ки мехост ашёи аз сӯхтори рӯзи 1 июл эминмондаро бидуздад.

Тавре ки Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, боздоштшуда Абдуваҳҳоб Каримови 41-сола мехост аз сӯхтор ва “фурсати қулай” ба фоидаи худ истифода барад.

Боздоштшуда Абдуваҳҳоб Каримов
Сурат: РВКД дар вилояти Хатлон

Ӯ аз ҷониби кормандони милитсия, ки дар хомӯш кардани сӯхтор ва ҳифзи ашёи эминмонда ба оташнишонон кумак мекарданд, боздошт шуд.

Раёсати ВКД-вилоят мушаххасан маълумот надодааст, ки ӯ чӣ ашёҳоро дуздиданӣ буд, лекин тавре ки дар сурати хабар дар сомонаи Раёсат дида мешавад, ин ашё ороишоти тиллоӣ ба назар мерасад.

Сурат аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ӯ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.

1/2

Дар ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол бо мусодираи молу мулк пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои ВКД, сӯхтор растаҳо ва нуқтаҳои савдои бозорро дар масоҳати 2830 метри мураббаъ фаро гирифта, сабаби ҳодисаи сӯхтор тибқи хулосаи санҷиши пешакӣ расиши ноқилҳои барқӣ арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ҳодисаи мазкур зарари ҷисмонӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар беморхонаи ноҳияи Ҷайҳун гуфтаанд, ки дар пайи сӯхтор чор нафар ба онҳо муроҷиат карда, пас аз кӯмаки аввалия ба хона рухсат шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад ва мақомот мегӯянд, ки дар аксар ҳолат риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.