Адҳам Холиқов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва операсарои машҳури тоҷик, дирӯз, 3 июл дар 76-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод.
Сабаби аз олам чашм пӯшидани ӯ маълум нест, вале гуфта мешавад, ки имрӯз дар Душанбе бо марҳум видоъ мекунанд.
Адҳам Холиқов 7-уми майи 1948 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро соли 1970 ва Консерваторияи давлатии Москваро соли 1979 хатм кардааст.
Солҳои 1970 - 1980 сарояндаи ансамбли "Красная звезда"-и Москва буд.
Маҳорати сарояндагии хешро дар академияҳои операвии Италия сайқал додааст. Махсусан, маҳорати сарояндагиаш дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ, рус ва хориҷӣ хеле хуб садо медиҳад.
Бо иштироки ӯ дар консерту спектаклҳо аз рӯи асарҳои композиторони тоҷик ва аврупоӣ сурудҳои операвӣ ва халқӣ дар хориҷи мамлакат садо медиҳанд.
Ӯ овози форам ва дорои маҳорати сарояндагӣ ва маданияти баланд дошта, дар саҳнаи театр якчанд нақшҳо (образҳо)-и ҷолиб офаридааст.
Махсусан маҳорати сарояндагиаш дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ, рус ва хориҷӣ хеле хуб садо медиҳад. Дар 30 спектаклҳои операвӣ нақш офаридааст.
Дар зиёда аз 30 спектаклҳои операвӣ нақш офаридааст.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!
Аз 1 январ иҷораи амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон гарон шуд
Боздошти ду шаҳрванди Қирғизистон бо гумони қочоқи 23 гов ба Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2025
15 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва аз саҳмияҳо кай даромад мегиранд?
Сохтмони метро дар Душанбе тобистони имсол оғоз мегардад
Мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва имзои чанд санад. Бархе ҷузъиёти сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон
Таассуроти самимии рӯзноманигорони “The New York Times” аз истироҳатгоҳи “Хоҷа Обигарм”
Тоҷикистон дар рейтинги қобилияти зеҳнӣ дар ҷои чандум аст?
Тулӯъ ва ғуруби “Помир”. Чӣ тавр корхонаи маъруфи яхдон дар Душанбе моли таърих шуд?
Нархи нигоҳубини кӯдакон дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста