Дар чанде аз микрорайон ва маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе имрӯз шабона интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мешавад.

Интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23:00-и рӯзи 15 июл то соати 16:00-и рӯзи 16 июл қатъ мегардад.

Интиқоли об ба маҳаллаҳои Шишхона, Ҳаёти нав, Дӯстӣ, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Чортеппа, инчунин микрорайонҳои 11, 12, 13, 14, 15, 31, 32, 83, 84, 103 ва 104 қатъ мегардад.

Дар шаҳрдории пойтахт сабаби қатъи интиқоли обро ба баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар роҳи мошингарди кӯчаи Шамсӣ дар доираи лоиҳаи “Таъминот бо об ва обу корези шаҳри Душанбе” рабт медиҳанд.

Дар робита ба ин, ба сокинони пойтахт тавсия дода мешавад, ки миқдори зарурии обро захира кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.