Имрӯз Баҳманёр Аминӣ, яке аз хушномтарин адибони муосири тоҷик ва ба ибораи дигар шоҳаншоҳи “Сармаддеҳ”, агар умр вафояш мекард, ба синни 70 қадам мегузошт. Яке аз адибоне, ки сарзамини нави ормониро дар адабиёти тоҷик ба таври хос қаламдод кард ва бад-ин васила номи худро ҳам ҷовидонӣ сохт. Мо ба муносибати мавлуди Баҳманёр нигоҳе ба рӯзгор ва корномаи мавсуф андохтем.
Раҳоварди Баҳманёр
Аминӣ Баҳманёр Арабзода 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд чашм ба олам кушодааст. Падару модараш деҳқонони одӣ буданд. Мактаби миёнаро дар ҳамин шаҳр ба итмом расонида, солҳои 1972 - 1977 дар бахши арабии факултаи ховаршиносии Университети давлатии Тоҷикистон (имрӯза ДМТ) таҳсил кардааст.
Баъди хатми донишгоҳ 4 сол дар Кумитаи кинематография машғули кор шуда, соли 1981 ба рӯзномаи навтаъсиси “Маданияти Тоҷикистон” (имрӯза “Адабиёт ва санъат”) ба ҳайси рӯзноманигори бахши ҳунар ба кор даъват мегардад. Минбаъд ба унвони мудири бахши наср ва ҷонишини сардабири моҳномаи “Садои шарқ” ва сардабири рӯзномаи “Самандар”-у моҳномаи “Дайри муғон” фаъолияти кориашро идома дод.
Баҳманёр соли 1987 узви Иттиҳодияи нависандагони СССР шуд, вале бо вуҷуди корномаи шоён доштан ва нависандаи маъруф ва навгаро будан, дар кӯлвораш танҳо як ҷоиза дорад: Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.
Хондаҳо ва навиштаҳои Баҳманёр
Баҳманёр ба гуфтаи худаш “хонандаи бузург” буд ва натанҳо адабиёти форсии тоҷикӣ, балки адабиёти ҷаҳонро, ба қавле зеру забар кардааст. Мавсуф мегӯяд, ки аз хурдсолӣ ба мутолиа дил баста ва маҳз хондани “Афсонаҳои халқи тоҷик” варо вориди адабиёт кардааст.
Ӯ дар ҳамаи гуфтаҳо, навиштаҳо ва мусоҳибаҳояш аз нависандагони бузурги олам ҳарф мезанад ва осори худро ҳам дар баробари Габриэл Гарсиа Маркес, Борхес, Уилям Фолкнер, Чингиз Айтматов, Валентин Распутин, Грант Матевосиян, Нодар Дунбадзе, Фозил Искандар, Содиқ Ҳидоят, Маҳмуди Давлатободӣ ва дигарон қиёс менамояд.
Ба ақидаи адабиётшиносон, мутолиаи фарох ва огаҳии комил аз адабиёти ҷаҳон ба Баҳманёр имкон фароҳам овард, ки насри қолабиву “реализми сотсиалистӣ”-ро бишканад ва дар адабиёти тоҷик “реализми ҳақиқӣ”-ро замина гузораду ин равияи нави адабиро рушд диҳад.
Баҳманёр дар баробари ҳамовардонаш Сайф Раҳим, Муҳаммадзамони Солеҳ ва Муҳаммадраҳими Сайдар бо шеваи ба худ хос, сабки баён ва нигоҳи тоза дар солҳои 70-уми асри мозӣ ба нависандагӣ рӯй овард ва аввалин ҳикояҳояш бо номҳои “Оҳубарра”, “Зови Карафса” ва ғайра ба табъ расиданд.
Дар даҳаи 80 ба 90 бошад, паёпай китобҳои “Ишқи сайёд”, “Аспи обӣ”, “Дуди ҳасрат” ва “Зарринаи Зарнигор”-и ӯ дастраси хонандагон гашт ва бо ҳамин роҳи реализми ҳақиқиро дар адабиёти тоҷик во кард.
Баҳманёр - шоҳаншоҳи Сармаддеҳ
Романҳои “Сармаддеҳ” ва “Шоҳаншоҳ” қуллаи эҷодиёти Баҳманёр маҳсуб мешаванд. Ҳатто нависанда худро зодаи Сармаддеҳ медонад ва миллияти худро ҳам “сармаддеҳӣ” мегӯяд.
Баҳманёрро то ибтидои солҳои 2000-ум ҳамчун нависандаи хуби ҳикоёт мешинохтанд, аммо ҳине романи “Сармаддеҳ” рӯи чоп омад, ҳам мунаққидони адабиётро ва ҳам хонандагонро дар ҳайрат гузошт.
Ин роман аз силсилаҳикоёти ба ҳамдигар пайванд дар деҳе бо номи Сармаддеҳ эҷод шудааст ва аз ду китоб, ки нахустинаш соли 2002 ва сонияш соли 2014 дастраси хонандагон шуд, иборат аст.
Баҳманёр мегӯяд, ки ин деҳ бофтаву сохтаи ман аст ва кӯшидаам тақрибан бахши муҳими эҷодиётамро аз сарнавишти ҳамин деҳаву сокинони он мураттаб созам.
Дар Сармаддеҳ Кампири Марям, Кампири Осуда, Кампири Майса, Бобои Баҳром, Бобокӯчак, Бобои Малла, Амаки Салмон, Холдори Чилдурӯғ, Шопури Яздон, Мулло Бухоризода, Фармони Мурод, Шери Хол, Моҳак, Фариштамоҳ, Бобуна, Холи Девзӯр, Шошо, Оростаи Сиёҳ, Шоҳаки Ранда, Барзӯи Оразпур, Заринаи Зарнигор, Ситора, Шопури Моҳигир, Бабраки Лӯлӣ ва дигарон зиндагӣ мекунанд.
Ӯ эътироф мекунад, ки Сармаддеҳро бо одамону мавҷудоту махлуқоташ, бо гузару кӯчаву тангкӯчаҳояш, бо чашмаҳову рӯдҳояш, бо кӯҳу тангиву ҷариву кӯяву камарҳояш нависанда, дар тахайюли худ сохтаву бофтааст. Аммо Баҳманёр онро деҳи одие намешуморад ва мегӯяд, ки мардуми онро боору баномус “халқ кардааст”.
Бошандагони Сармаддеҳ ҳеҷ гоҳ аз роҳу равиши худ берун намеоянд ва муаллиф барои ҳар яки онҳо луғат, тарзи тафаккур ва ҳатто гуфтору рафтори мушаххас эҷод кардааст. Баҳманёр мегӯяд, “ҳар яки онҳоро хуб мешиносам ва медонам, ки бояд чӣ гӯянду чӣ кор кунанд”.
“Як деҳи кӯҳистонро тасаввур кунед, ки боми хонаи шумо полези ҳамсояатон аст. Бом болои бом. Аз дур нигаҳ кунед, ба монанди як хонаи баландошёна ё осмонбӯсҳои Ню – Йорк аст. Ман аз сари ҳамон бино истодаам ва деҳро наззора мекунам. Мисли як дирижёр ҳастам, ки як оркестрро бо чӯбакаш бозӣ медорад”, - тасвир мекунад Баҳманёр.
“Шоҳаншоҳ” бошад, романи ҷудогонаест, ки ҳаводиси он бар хилофи “Сармаддеҳ” дар шаҳр рух медиҳанд, вале новобаста аз ин қаҳрамонони “Шоҳаншоҳ” орзӯи “дар чунин деҳ бо камоли майл зиндагӣ кардан”-ро мепарваранд. Романи “Шоҳаншоҳ” соли 2007 рӯи чоп омад.
“Эътирозест ба низоми дунёи муосир”
Адабиётшиносон бар ин назаранд, ки Сармаддеҳ макони ормонӣ аст ва бо бошандагони ормонӣ сохта шудааст ва нависанда бо офаридани силсилаи чеҳраҳои адабии нав дар Сармаддеҳ қаҳрамонони мондагори адабиёти тоҷикиро ғанӣ гардонд.
Профессор Абдунабӣ Сатторзода бар ин назар аст, ки “Сармаддеҳи Баҳманёр як вокунише ба ҷаҳони муосир мебошад, ки пур аз касофат, нопокӣ, ноодамӣ, бемеҳрӣ, нафрату хусумат, бадбинӣ, бадӣ, беорию беномусӣ аст”.
“Чунин бархӯрди офаридгори Сармаддеҳ ва қаҳрамононаш, бидуни шак, як навъ эътирозест ба низоми дунёи муосир”, - таъкид мекунад Сатторзода.
Баҳманёр бо “бофтану сохтан”-ҳояш “яхистон”-и насри тоҷикро об кард, вале муаллиф борҳо гуфтааст, мунаққидон метарсанд, ки романҳои “Шоҳаншоҳ”-у “Сармаддеҳ”-ро нақд кунанд.
Ба андешаи мо, Баҳманёр шоҳаншоҳи Сармаддеҳи ормонӣ аст ва ҳама хонандаи ин асар орзу мепарварад, ки дар чунин сарзамин умр ба сар барад.
Романҳои “Шоҳаншоҳ” ва “Сармаддеҳ” дар як муҷаллад дар бистҷилдаи адабиёти тоҷик, ки нашриёти “Адиб” ба табъ расонд, нашр шуданд ва ин маҷмӯа дар Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол – 2013” ғолиб омада, муаллиф бо Дипломи дараҷаи аввал ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуд.
Гуфтовард аз Баҳманёр
- Ҳароина, ҳикояи нахустини ман ба шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев хуш наёмада буд, зеро муаллиф бо як сабки булаҷаб дар бораи руҳу арвоҳ менавишт ва эшон маро “нависандаи асри гузашта” номида буданд. Аҷобатро бинед, ки ҳоло баъзе мунаққидон маро “нависандаи асри оянда” меноманд. Ин бисёр хуб аст, ки навиштаҳои шумо якеро алағда бикунаду дигареро ба ваҷд орад.
- Ман дар хотир надорам, ки касе маро танқид карда бошад. Чунин мунаққид вуҷуд надорад. Барои он ки маро хонаду таҳлил кунад, лоақал ними мутолаоти маро бояд дошта бошад. Азбаски инро надоранд, ҷуръат намекунанд, ки ба асарҳои ман рӯ оранд. Дар бораи асари ман хеле кам менависанд, дурусттар аст, ки гӯем, умуман наменависанд.
- Баъзе хонандагон шикоят мекунанд, ки навиштаҳои ман душворфаҳманд, ду-се бор мехонанду намефаҳманд. Ман намехоҳам, ки забону андешаҳои ман дар поя ва савияи чунин хонандагон қарор бигирад, балки мехоҳам хонанда дар появу савияи ман фикру андеша кунад. Ман мехоҳам аз Сармаддеҳ ба чор ақсои ҷаҳон шоҳроҳе бикушоям, ки тавассути он оламиён Тоҷикистонро шиносанду дӯст доранд.
- Аз ягон чизе, ки навиштаам, даст намекашам. Аз ҳеҷ як навиштаам шарм ҳам намекунам. Чаро? Ба ягон кас хушомад назадам, ягон сохтро таъриф накардам, колхозу корхона дар навиштаҳоям набуд. Ҳар он чӣ дилам хост, ҳамонро навиштам. Ҳастанд ҳикояҳое, ки мехоҳам аз дигар нависам, аммо намекунам. Паноҳаш ба Худо мегӯям! Чун зодаи вақту соат ва таърихи худ буд. Онҳо таърихи худи ман ҳам ҳастанд. Нишон медиҳанд, ки кӣ будаму кӣ шудам.
Баҳманёр дар шинохти дигарон
Абдунабӣ Сатторзода, профессор ва адабиётшинос:
Баҳманёр ба адабиёт бо қаҳрамонон, биниш, равиш, тарзи нигориш, забон ва тарзи баёни вижаи худ ворид гардид, ки он дар насри кунунии тоҷикӣ як падидаи адабии бесобиқа ва фавқулода буд.
Баҳманёр, барҳақ, пешсафу пешрави насли солҳои 80-ум дар насри тоҷикӣ мебошад ва табиист, ки муҳимтарин дастовард ва вижагиҳои он низ, пеш аз ҳама ва беҳ аз ҳама, дар навиштаҳои ӯ инъикос ёфтаанд.
Дар насри Баҳманёр ҳама чиз - воқеа, қаҳрамон, забон ва тарзи баён, биниш, равиши тасвир, замону макон - нодир, ғайриодӣ, ғайримуқаррарӣ, ғайримаъмулӣ, ғайримунтазира, фавқулода, аҷиб, ҳайратангез, нотакрор ва нав мебошанд.
Сафар Абдуллоҳ, профессор:
Баҳманёр аз диди ман нависандаест, ки назираш дар адабиёти мо набуда ва ҳанӯз ҳам нест. Ӯ танҳо нависандаи тавоност, ки метавон достонҳои кӯчаки ӯро бо беҳтарин шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон дар ин навъи адабӣ муқоиса кард.
Талоши беш аз сию чандсолаи Баҳманёр дар ҳавзаи адабиёти достонӣ, ҳамчунин фаъолиятҳои фарҳангию иҷтимоӣ ӯ, на қардршиносӣ шудааст, на чунонки мебояд арзёбӣ шудааст. Бешак, ӯ ва осори гаронсангаш сазовори он аст, ки мавриди таваҷҷӯҳ ва қадршиносии бештаре бошад.
Ҳафиз Раҳмон, адабиётшинос:
Замону макони бадеии Баҳманёр баъди садҳо сол ҳам ҳамон гунае хоҳад буд, ки имрӯз ҳаст. Нақшҳои ҳунариаш мондагор хоҳанд буд. Гарчи таърих хислати софкорӣ дорад, кам адибоне аз як қарн ба қарни дигар мегузаранд. Асри 11 чаҳорсад шоири соҳибдевонро медонад, вале имрӯз ба ҷуз се-чор нафар дигаронро танҳо мутахассисони нақд ба ёд меоранду бас.
Нимаи дувуми солҳои 80-ум устодони сухан Баҳманёрро ҳамчун “қаламкаше, ки умедбахш аст ва адабиёти тоҷик аз ӯ чизҳои зиёдеро интизор аст” муаррифӣ мекарданд. Ҳамин гуна шиносоӣ солҳои сол дар нақди адабӣ маъмул буда, ба як навъ қолаби андеша табдил ёфта буд. Ӯ на фақат умедҳои адабиётро бароварда кард, балки ба сари он тоҷи шуҳрат ҳам ниҳод.
Даргузашти шоҳаншоҳи Сармаддеҳ ва баҳсҳои баъди маргаш
Баҳманёр субҳи 10-уми ноябри соли 2020 дар 66-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Насри тоҷик нависандаеро бо ин бузургӣ ва шаҳомат кам дошт. Осори гаронбаҳои Баҳманёр - шоҳаншоҳи Сармаддеҳ алоқамандони зиёде дар қаламрави забони форсӣ дошт ва яқин аст, ки хоҳад дошт.
Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шахсиятҳои зиёде аз марги ин нависандаи тавоно афсусу надомат хӯрдаанд ва марги ӯро зоъеаи бузурге барои ҷомеаи Тоҷикистон донистаанд.
Аммо марги Баҳманёр баҳси гарми дигареро низ дар Тоҷикистон доғ кард. Бисёриҳо ба поси хотири осори гаронбаҳияш дархост карданд, ки Баҳманёр дар оромгоҳи бузургони илму адаби Тоҷикистон - Лучоб, дар Душанбе дафн карда шавад.
Ҳарчанд, худи нависанда ба фарзандонаш васият кардааст, ки ҷанозаашро дар зодгоҳ, дар паҳлӯи қабри падараш дафн кунанд, аммо дархости фарҳангиёни ҳам ба эътибор гирифта нашуд.
Баҳманёрро ба далели надоштани унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ё Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар оромгоҳи Лучоб ба хок насупориданд.
Баҳманёр аз надоштани унвон ё ҷоиза парвое надошт ва мегуфт, ки “барои ман мукофот аризише надорад”, ҳарчанд баъди маргаш пешниҳоде ҳам шуд, ки Баҳманёр сазовори унвони давлатӣ аст ва бигзор ба таври истисно ба ӯ унвони давлатӣ дода шавад.
Марҳум дар баробари он ки нависандаи забардасте буд, марди хоксоре ҳам буд, ки мегуфт, “агарчи дар зиндагӣ муваффақ нашудам, вале гумон мекунам, дар адабиёт муваффақ шудам. Ман меравам, вале “Сармаддеҳ” мемонад…”.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Мунозираи муъмину кофир”
Тоҷикистон воридоти ғалладонаро аз Қазоқистон зиёд кард: зиёда аз 1 млн тонна дар 10 моҳ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2024
Аз Боми ҷаҳон то мансабҳои баландпояи Тоҷикистон. Нигоҳе ба корномаи яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ Моёншо Назаршоев
Қамчибек Тошиев гуфт, ҷузъёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро дар моҳи январ ошкор мекунанд
Дар Истаравшан аз рӯи далели то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаи ҷиноятӣ боз шуд
Тартиби гирифтани талоқ чӣ гуна мегузарад ва маблағи боҷи давлатӣ барои пешниҳоди ариза чанд аст?
Директори Лигаи футболи Тоҷикистон иваз шуд
Куштори як генерали Русия дар Маскав
Дар ВМКБ ҳам "лимит"-и барқ ҷорӣ шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста