Рӯзи 24 июл дар Душанбе нишасти матбуотии мақомоту сохторҳои авиатсионии ҷумҳурӣ баргузор шуд. Дар ин ин нишаст “Азия-Плюс” бо якчанд саволҳое, ки мавриди таваҷҷуҳи бештари шаҳрвандон мебошанд, ба онҳо муроҷиат намуд.
Низоми автоматии санҷиши шиноснома
Ё ба истилоҳ “дарвозаҳои электронӣ” дар фурудгоҳи Душанбе пас аз мувофиқаи Вазорати корҳои хориҷии кишвар бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ доир ба кори ин низомҳо мавриди истифода қарор мегиранд.
“Мо аллакай ҳамаи корҳои ба дӯшамон вогузоршударо ба сомон расонидем: ҳамаи таҷҳизоти зарурӣ насб шуд, ҳуҷраи ҳайати хидматрасонӣ пурра бо техника муҷаҳҳаз шуд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе” Аслиддин Маликзода.
Ба гуфтаи ӯ, акнун ҷараёни мувофиқасозии кори низом аз ҷониби ВКХ бо ширкатҳои ҳавопаймоие, ки аз/ба фурудгоҳи пойтахт парвозҳо анҷом медиҳанд, боқӣ мондааст.
Маликзода таъкид дошт, ки дар марҳилаи аввал дар фурудгоҳи пойтахт ду дарвозаи электронӣ ба кор дароварда мешаванд.
Тариқи “дарвозаҳои электронӣ” мусофирон мустақилона аз санҷиши шиноснома гузашта, он ба зудтар убур намудани сарҳад мусоидат хоҳад кард ва мутаносибан, вақти мусофирону сарҳадбонон сарфа мешавад.
Аввали сол зикр гардида буд, ки тасмими ҷорисозии ин низом дар фурудгоҳи Душанбе аз ҷониби Агентии авиатсияи гражданӣ дар ҳамдастӣ бо ВКХ ва КДАМ-и ҷумҳурӣ гирифта шуда буд.
Моҳи июн палатаи поёнии парлумон иловаҳо ба қонун “Дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистон”-ро ки ба қонунигардонии ин низом равона гардида буданд, қабул кард.
Низоми автоматии санҷиши шиноснома дар сарҳад шахсияти шаҳрвандро бар асоси маълумоти биометрӣ муайян мекунад. Барои убури сарҳад мусофир шиносномаро ба дастгоҳ мегузорад. Дар шинонсномаи биометрӣ микрочипе ҳаст, ки маълумоти он бо ёрии дастгоҳи шинохти автоматӣ санҷида мешавад.
Дастгоҳи автоматӣ дар реҷаи вақти воқеӣ таносубҳои нодири чеҳраи мусофиронро бо тасвир дар чипи шиноснома муқоиса мекунад.
Вақти гузаштан аз санҷиши шиноснома тариқи “дарвозаи электронӣ” аз 30 то 45 сонияро барои корбари огоҳ аз ин низом ташкил медиҳад.
ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе” дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 1 млн 141 ҳазор мусофирон хидмат расонидааст, ки 14,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Парвозҳо аз ҷониби 13 ширкатҳои ҳавопаймоӣ - 12 хориҷӣ ва 1 ширкати маҳаллӣ (“Сомон Эйр”) анҷом дода шуданд.
Бо интернет ва об мушкиле нест?
Дар ҳамин ҳол, Маликзода мушкилоти гӯё ҷойдоштаи марбут ба интернет, гоҳ-гоҳ набудани об дар ҳоҷатхонаҳои фурудгоҳи пойтахтро, ки мусофирон доимо аз он шикоят мекунад, қатъиян рад кард.
Ӯ зикр кард, ки тамоми низоми фурудгоҳ имрӯз бо истифода аз интернет кор мекунад ва мушкилоти ночизе ҳам дар робита ба алоқа ба ноқисиҳо дар кори фурудгоҳ боис шуда метавонанд ва ин комилан ғайриқобили қабул аст.
Маликзода таъкид дошт, ки фурудгоҳи пойтахт бо алоқаи баландсифати оператори миллии “Тоҷиктелеком” таъмин карда мешавад.
Ҳамчунин, ба қавли ӯ, гуфтаҳо дар бораи набудани об дар ҳоҷатхонаҳои фурудгоҳ беасосанд, зеро дар бино зарфҳое насб шудаанд, ки барои истифода дар ҳолатҳои мушкилоти таъминоти марказонидашудаи об пешбинӣ шудаанд.
Маликзода зикр кард, ки мушкилот дар ҳоҷатхонаҳо танҳо дар толорҳо пайдо мешаванд, ки ба он ҷо гуселкунандагону пешвозгирандагон роҳ дода мешаванд. Ӯ шарҳ дод, ки ҷамъшавии одамони зиёд ("барои гусели як нафар баъзан то 10 нафар меоянд) мунтазам ба шикастани таҷҳизоти ҳоҷатхонаҳо боис мегардад, вале ин мушкилот, ба қавли ӯ, фавран бартараф карда мешаванд.
Ӯ инчунин изҳор дошт, ки дар низоми ҳавософкунӣ (кондисионерҳо)-и фурудгоҳ ҳеҷ гуна мушкиле нест, зеро таҷҳизот чанде пеш таъмиру навсозӣ шудааст.
Ва дар бораи қарзҳо...
Муовини директори фурудгоҳ зикр кард, ки ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе” қарзҳое дорад, ки дар робита ба сохтмони терминали нав ба вуҷуд омадаанд.
Ин ҷо сари қарз ба маблағи 20 млн евро сухан меравад, ки аз ҷониби ҳукумати Фаронса барои сохтмони иншооти мазкур пешнишод шуда буд.
Ӯ таъкид намуд, ки ин қарзи дарозмуҳлат буда, дар робита ба баргардонидани он ҳеҷ мушкиле нест: ҳамаи уҳдадориҳо ҳам аз рӯи қарзи асосӣ ва ҳам аз рӯи фоизҳо мувофиқи ҷадвал иҷро мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки терминали нави фурудгоҳи шаҳри Душанбе соли 2016 мавриди истифода қарор гирифта, он аз ҷониби ширкати фаронсавии Vinci S.A сохта шуд.